Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
АЁДАТ
Насими сабуксайр ба кокулони маҷнунбеди саҳни тиреза маҳин-маҳин шона мезад. Ниҳол аз вазиши шамол алвонҷ мехӯрд. Ба кокулони майдабофти тахтапушти духтари ҳамсоя монанд буд. Маҳви манзараи хуш воридшавии амакамро пай набурдаам. Агар дасташ ба кифтам намерасид, аз тамошои кокулони бозингар бенасиб намемондам.
Бо амакам ҳолпурсӣ кардем. Аз бемеҳриам нолид, ки сангӣ осёб шудаам. Яъне, хешонро хабар намегирам, ба онҳо мурувват надорам. Дар чунин аҳвол риштаи хешовандӣ кӯргиреҳ мезанад. Ана, чандест духтари тагоям дар шифогоҳ мехобад, як бор ҳам аз дараш надаромадаам. Пагоҳ дар мурдаву зиндаам онҳо кор меоянд. «Гилаат болои дидаҳо», – гуфтаму печидаи афкори мағшуш дармондам.
Хушдори амакам пеши рӯ, хиҷолат мекашидам. Дер нашудааст, бояд ба аёдати духтари тагоям биравам. Агар не, фардо ки сарҷамъ оянд, мавзӯи сӯҳбаташон тайёр, айб меҷӯянд, сангӣ одамро сабук мекунанд.
Масофаи шифогоҳ аз идораи мо ҳамагӣ ним фарсах роҳ меомад. Ба шитоби амакам ҳарду баробар бархостем. Аёлаш дар берун интизор мекашид. Занак бедимоғ нӯки ангуштонашро аз таки остин ба дастонам як расониду докаашро болои чашмонаш кашид ва шунавонда гуфт, ки рӯздармиён ба аёдати бемор омада мерафтааст. Ҳасад бурдам ба муҳаббаташ. «Як биҳиштӣ одам бошад, ӯст», – хулоса гуфтам ба худ.
Дар масири солҳо симои аслии духтари тагоям аз ёд рафтааст. Он аём ӯ духтараки мактабхоне буд, ки саҳару бегоҳ аз назди тирезаи хонаи мо мегузашт. Маҳтоб ном дошт. Баҳороне хазон дидаву духтарак дабистони деҳаро хатм, соле пас бо як ҳамдеҳааш хона обод карданд. Чӣ ҷойи дурӯғ, дар тӯяш набудем.
Ба гуфти медонистагиҳо чор моҳ камтар зиста, рангаш испарак барин зард шудааст. Аз он ҳангом то кунун варнахӯрдамаш. Дар гуморам чӣ рангу рӯву хату хол доштани ӯро меандешидам.
Ба ишораи амакам болои ҳараки чӯбине нишастем. Завчааш борҳалта бадаст, ҷунбон-ҷунбон ҷониби хонаи хоби беморон рафт. Як зум пас даст ба дасти духтари мавзунқомате, ҳамқадами бемор

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо