Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
якта-якта қадам партофта, хубтар намоён шуданд.
Нигоҳамро аз маҷнунбед не, аз олиҳаи ҳусну малоҳат, ҳисорбони номуносиб корвонашро сӯйи боди мухолиф ронда, ба рӯву мӯйи зебосанам ҷанг расидаву чеҳраи дилкаш ба ғам оганда, хазоний дида, қади сарваш хамида, ҳайратзада намекӯҷонидам. Дил мехост, ки аз ҳарвақта беш сераш бибинам.
Маҳтоб то назди мо расид. Баъдан, бо амакам вохӯрду ҳолаш пурсид. Ва нигоҳаш дергоҳ ба ман часпиду чизе ба ёдаш омад, ки ба андеша афтод. Якбора ба гарданам овехт ва ба нишони садоқат аз хешгарӣ лабони ақиқрангашро ба рухсорам расонд. Баданам вичиррос зад. Шармида бошам ҳам, аз муҳаббаташ болидам. Ваҳ, чӣ бӯи атрогине. Нафасе дилам таҳ кашиду пайкарам ларзиш хӯрд. Шукуфти чеҳраи нозанин ба умри лола монанд буд.
Ин ҳол дер давом накард. Дастонаш, ки аз гарданам раҳо хӯрд, авзоаш беҷо, табъаш хира гашту хотираш озурд. Дидам гиреҳи абрӯвонашро, тор-тор мӯйҳои мушкаин болои чашмони базебаш хамиданд. Сукуташ зебо буд, чаккаҳои сарашро молида-молида ба худ меомад.
Амакам бо аёлаш тани гармро ёраш дард гуфта, таскинаш мебахшиданд. Суханҳои ҳамдилиро шунавида, Маҳтоб ваҷоҳаташ дигаргуна, ранг мебохт.
— Ранҷур шудай, хоҳарам?
— Ҳа.
— Зиқ нашав, ҳамааш мегузарад, — панҷаи чапи ӯро молида, ҳолашро ҷӯё мешавам. — Одамизод шӯридаи дарду ғам аст. Шифо меёбӣ, агар гуфтагиҳома риоя бикунӣ.
— Бигӯ, чӣ мефармоӣ?
— Чизи бисёр не, — мегӯяму боз меандешам. — «Бӯса бӯсаи хешгарӣ буд ё нокомӣ аз тақдири талх?» Шаб таъом хӯрда будӣ?
— Не.
— Дидӣ, дидаву дониста худро аз пой меафтонӣ. О, нафорадат ҳам, кам-камак бихӯр. Умеди сиҳатшавӣ бикун.
— Э, дилам аз зиндагӣ мондааст.
— Барои чӣ?
— Ҳайронам.
— Ғамбемор шудай, бехабарӣ. Ҳо, дар оина як бор афту андомата бибин, духтари хушрӯ, гули нанозидаву набундай.
Ниҳолпайкар каме осудаву гиреҳи абрӯвонаш кушода, дар қаҳри

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо