Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
бишнида, нафасе истод ва ба раҳравии Маҳтоб зеҳн монда, мисли он ки духтар нуқсе надошта бошад, беғаш гуфт:
– Ваҳ! Духтарам тамоман сиҳат шудаӣ. Метавонӣ бе такяи касе худат озод биравӣ ва биоӣ.
Хитобаи пиразан самими буд, ки ба Маҳтоб нерӯ бахшид. Чашмашро базӯр-базӯр, ба касе бор наандохта, нисбатан ҳамвор кашида мерафт. Аскари тирхӯрдаро мемонист, ки хазида-хазида сӯйи ғалаба ҷон ба саломат мебарад.
Иродаи сангинро ба тансиҳати муқаддам мешуморам. Як сухани беолоишу хуш, фақат як садои нек метавонад умедҳоро бар навмедиҳо пирӯз биёрад. Ва беморро қадам ба қадам мегуселонаму оҳи сабук мекашам. Мегӯӣ андаруни шифогоҳ кӯҳи ғам хуфтааст.
Тайи фосилае, ки мову холаи ғамгусор аз худ рафтему ба худ омадем, ҳувайдост миллаи амакам ҳам нахӯрд, аз ин гуфтугузор пашшараш набурд. Ё мардак аз ҳад беш боақл буд ва ё эҳсосаш кунд. Зани ӯ бо лаби остинҳои калон-калон оби дидагонашро мепокад. Медонистам, ки ашки зани мардум чунонки мегӯянд, дар нӯки остин аст. Бо андаке нобарорӣ росту дурӯғ навҳа мекашанд. Ӯ-ӯх, пуралам мегиранд-е. Баногаҳ далел биҷӯй, ё шаб ҳамсараш аз кор дер омадааст ва ё боҳам нахусбидаанд.
Парвардигори чорасоз, шайтони раҷимро аз дили инсонҳои хокӣ дур барандоз!
Фосилае мегузарад, аз даҳлези дароз Маҳтоб намоён мешавад. Ӯ қадре хандонрӯ, озода ва устувор омадан дошт. Аз афташ бо талош зистаи мақбулаш афтод, ки дигар менамоҷ. Ё магар китоби Хоҷа Ҳофиз мадораш мефизояд, ки пеши бағал бардоштааст?
Мардуми сиҳату бемор шефтаи қаду басти расову хусну ҷамоли ӯанд. Эҳтимодам ба ин маҳпайкари ҳофизхон зиёда мешавад. Ғам мехӯрдам, ки чаро бармаҳал ба аёдаташ наомадаам. Кӣ медонад, мумкин аз як ҳарфи хуш кайҳо рӯйи по шуда, ба хонааш мерафт.
Садбаргзори саҳни шифоҳгоҳ ба димоғ бӯйи муаттар мерасонад. Чеҳраи заҳири беморон аз гулҳои зард партав фигандааст? Ба эшон на гул мефориду на пул, аз офаридгор тани сиҳату хотири ҷамъ орзушон буд. Масҷид набуд ин ҷо, вале дунёи охиратро тараннум мекарданд. Ҳамдардии беморонро ба кӯи хоксорӣ мепайваст.
Маҳтобро на узвеш лат хӯрдаву на шикаста, субҳро ба ғамхӯрӣ ба шом мерасонад. Пизишкон дар илоҷи дардаш ҳайронанд. Ҳазён намегӯяд, ки савдоиш бишимаранду ҳофизхонишро бар он далел.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо