Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бемории рӯҳӣ ёр гаштааст. «Тасаллои дили бемор — оллоҳ». Доруву дармони табибон асар накард. Писаронаш хоначае сохта, дару тирезаи панҷарадори оҳанинаш часпонида, обу нонашро пеши тиреза гузошта, дарҳол мерафтанд. Вазъи носолим пеши рӯ, модарам аз дилсӯзӣ мегӯяд:
— Ба аҳволи бад чанд токат мекунӣ?
— Насиба будааст...
— Умр пудина нест, ки ҳар баҳор сабз шавад. Ба ҷони ҷавонат раҳм бикун.
— Не, оча, обрӯи Шумоҳоро намерезонам.
Ӯ дар марзи вуҷуди мо тухми муҳаббат мекорад. Оё бобои Салим мехост, ки ба мӯҳтоҷиву хандасорӣ бирасад? Ё кӯлакони бесар аз бомҳо ба сараш тароша ҳаво бидиҳанду номаш ба девонагӣ бипечад? Ҳаргиз! Салиме, ки гули маҳракаҳо буд, фотиҳаи дастархонро ӯ мегирифт, бериёву бенавост. Одамон рӯяш намебинанд, ки баракат аз корашон мепарад.

Апаи меҳмонам соате менишинаду бархоста, долони яккадро мерӯбал, хасаке намемонад. Чӯбу чахси ҳавлиро чида, аз кадучаҳои сабз таъоми болаззате бирён мекунад. Таъми он хӯроки лазиз умре аз даҳонам намеравад. Ҳай ҳунарманд аст ӯ!

...Умри кӯтоҳи рӯзро мехоҳам. Дар коргоҳ ду чашмам болои сатрҳои китоби «Тоҷикон»-у мурғи хаёлам дар хонаи Сайлигул пар мезанад. Алами таҳ ба таҳи ба захм печидае.
Бо садои зангулаи соати деворӣ тараддуди сафар дида, ба чорсӯ мебароям.

Нимарӯзӣ. Офтоб ғанимат ӯ куртаву эзорчаҳои фарзандонашро шуста, ба рӯи торбанд мепартояд. Ҳусураш якзайл таҳдид мекард, ки дар ин ҳавлӣ сояи касеро набинад. Апаи раҳмгинам косаи таъомро батарс-батарс болои тахтаи тиреза монда, пас мегардад, ки девона ӯро мебинад, ҳавой мешавад. Ғазо бардошта, тирезаро як лагад мефурорад, ки меҳҳош мепаранд. Девона таъоми рехтаро таки поҳош сум мезанад. Яке ба дунболи апаам медавад. Нодири паҳлавони раҳгузар чашмони хунбори мардакро дида, пеши раҳашро мебандад. Панҷаҳои оҳанрабосон даври камари девона печида, тан медиҳад аз ноилоҷӣ. Апаам аз нигоҳи Нодир мехонад: «бигурез!». Паҳлавон девонаро пуштора бардошта, меораду ба хоначааш тела зада, зулфайнро мегузаронад. Пас гашта рӯи долон

пешина
аз 314
навбатӣ