Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Не е, кӯмакат даркор нест. Як андоза маоше мегирем, ки рӯзамон бигзарад.
— О, ин дар қарори маҷлис қайд шудагӣ. Он ҷо имзои раиси калон гузаштааст.
— Ҳамон раиси калонатон фиребгари гузарост!
— Ҳарчӣ мегӯӣ бигӯ, ба дари хонатон омадаем. Коғазпеч нагардон, шуд.
— Э-э, морбозии инҳоро медонам. Он гаҳ дар ҳар ҷамъомаду маҷлис мегӯянд, ки «ташкилоти иттифоқи касабаи мо ба фалонӣ ин қадар маблағ кӯмак кард! «Зинда бод!»-ҳои пучу бемаънӣ, — рӯ ба падар тавзеҳ дод Ҳикмат.
— Баъдчӣ?
— Бидон, то Сайфиддини Солеҳа дафъ накунам, тинҷ намегардам. Коғазпеч бардор!
Сармуҳандис коғазчаро бардошту рафт. Нафаре ба думболаш набаромад. Дар чашмони падар ашк ҳалқа зад. Аз ҳозирин касе чизе нагуфт. Танҳо Убайдулло пурдард «оҳ» кашид. Охир ӯ розу ниёзи нуҳуфта дошт, як оҳе, ки синаҳои ғамзадаро мешикофт. Модари ҷигарсӯхта ба писари калониш нигоҳ дӯхт, ки бо кордча себ пӯст канда мехӯрд. Як тан аз дунёи разолат рӯбарӯ омаду рафт.
Меҳмон аз ҳавлӣ баромаду Ҳикмат ба хонаи дарун гузашт ва қоғазу қалам бардошта арз навишт. Саробони хона базӯр хашмашро фурӯ нишонда, назди ҷигарбандаш омад.
— Чӣ менависӣ, Ҳикмат? — ҳайратзадаву нобовар пурсид падар.
— Дидӣ, ки меҳнати додарамро ба як пули пучак нагирифтанд?!
— Бедимоғ гуфт фарзанди калонӣ.
— Биё, даъвобозиро як сӯ монему роҳи табобати додаратро фикр кунем.
— Маблағ ёфта, ӯро ба Маскав бурдан лозим.
— Дар сандуқи очаат пасандоз монда будем. Рафта бигиру шумор, нарасад, аз ягон кас қарз мегирем.
— Аз кӣ? Ҳеҷ кӣ қарзат намедиҳад, — лаҳзае аз навиштан бозмонд Ҳикмат.
— Пеши бачаҳои усто Тагаймурод меравем. Баору баномусанд онҳо.
— Чӣ, хазина ёфтаанд? Оила, мушкилот, ҳазор камбудшон ҳаст...

пешина
аз 314
навбатӣ