Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
- Дар рахи номус илоҷаш ҳам меёбанд. Ту қарзгири бедилу гурдаӣ.
- Қарза саволу ҷавобаш бисёр.
- Беҳуда баҳс накун. «Қарздор не, қарздор мард аст», бачам.
- Арз менависам, он тарафаш кори муфаттишон.
Ва Ҳикмат ба як нишаст дарди дили додарашро батафсил болои сафҳа нигошт.
Дили дардманд носуку зудбовар мешавад. Кайфияту дилхушӣ аз ӯ мегурезад. Оромишу танҳоӣ мехоҳад. Хаёли зебо ёри ӯст.
Ба Убайдулло то ҳатто чик-чики соати деворӣ нофорам намуд. Соатро аз хона бароварданд, аҳвол беҳ нашуд.
Аз пагоҳӣ инҷониб аҳли хонавода шикастабандро интизоранд, ки мебоист Ҳикмат меовард аш.
Ҷавони бетолеъ бо муроди раҳоиш аз гирдоби ғамҳо аз пластина барои додаракаш Давлат ва ёрони ӯ аспаку мурғони ҳилол месохт. Унс гирифта буданд хурдакон ба ӯ. Ҳавои берун мефоридаш, аробачаи дуарҳа ра оварда, савораш мекарданд. Мегӯй дар ҳалқашон «раис»-и ростина буду майдаҳакон зердастонаш.
Афкори шаборӯзии бемор меваи хоми орзуҳои пухта буд. Ҷавон менамояд ба сол, вале ба андеша кӯҳансол. Намондааст қадами беҷо на ба мазореву на ба гулзор аст. Кулли мӯйсафедони деҳ дуои хайраш додаанд. Кадом готе гузораш ба шаҳр иттифоқ меафтод, не, барои омурзиш вақт ёфтаву шӯъши нек хоста, ҳамеша ба зиёрати аллома Алии Ҳамадонӣ мерафт. Ба ёди ӯ ҳикояти бобои Абдулваҳҳоб расид, ки ҳини мевачинӣ аз подомани боғи Бузургвор гуфта буд:
- Ҳой бача! Шоҳаҳои челона нашкан. Хӯ, ошнои беадабат дар навдаи дарахт ҳой хӯрд, ғалтиду дасташ бишкаст. Ба азизони Худо шӯхӣ накун. «Адабгоҳи муҳаббат нозу шӯхӣ барнамедорад».
Ин мӯйсафед ҳар субҳ ба зиёрати бузургвор меояд. Мешинад рӯ ба замин. Дуру дароз лабонаш ҷӯшида, тасбеҳ мегардонад. Дар сӯҳбаташ бишинӣ, дилу дидаҳоят, рӯҳу равонат роҳат мекунад, зеро ӯ ҳикмат мегӯяд. Дар сукуташ ба надомат ашк мерезад. Ашки мӯйсафед аз худофурӯзист. Ҳастадилоне аз канораш гузашта, ба пири порсо садақа мекунанд, аз меҳрубонӣ. Офтоб, ки ба ғуруб рафт, ӯ низ меравад. Аз ягона духтараш дилпур аст, ки гӯру чӯбаш мекунад. Як бегоҳ марди пир мебинад, ки ҷуфти парранда дар ҳаво парканӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё