Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамин Гурезпо?
— Бале, ана ҳамин Гурезпо...

Анвар аз хурдӣ ба кори ҳарбӣ завқи калон дошт. Ба сарулибоси одамони ҳарбӣ ҳавасаш меомад. Аскареро дар кӯча бинад, то панаҳ шудани ӯ нигоҳ карда мемонд. Тез-тез ба хонаи аммааш рафтани Анвар ҳам бесабаб набуд. Язнааш военкоми район шуда кор мекард. Ӯ либоси ҳарбиро чунон нағз мепӯшид, ки ҳама бо ҳавас менигаристанд. Махсусан, тасмаи ғафси таранг баста ва фуражкаи зархалдораш Анварро мафтуни худ гардонда буд. Язнааш, ки аз кор баргашт, Анвар фуражкаи ӯро гирифта мепӯшид, ба назди оина рафта, худро тамошо мекард, мағрурона аз ин тараф ба он тараф роҳ мегашт. Ба замми ин ҳар як кинофилми ҷангиро такрор ва такрор медиду сер намешуд. Филми «Чапаев»-ро борҳо дидааст ва романи «Чапаев»-ро қариб аз ёд медонист.

— Ту хизматчии ҳарбӣ мешавӣ, — гуфт язнааш. — Орзуят нағз. Ин касбро кӣ нағз намебинад? Ҳамеша бардаму солим мегардӣ, вақтат чок, аз ҳеҷ гуна душворӣ наметарсӣ. Ба мактаби ҳарбӣ ҷой омада монад, албатта туро мефиристонам. Меравӣ?

— Меравам! — бо хурсандӣ ҷавоб медод Анвар.

Аммо ин орзуи Анвар ҷомаи амал напӯшид. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Падараш ва язнааш ба фронт рафтанд. Ҳамаи бачаҳои аз Анвар калонтарро ба сафи армия даъват карданд. Аммо Анвар хоҳад ҳам намегирифтанд. Аз ин ӯ диққат мешуд. Шабу рӯз хаёл мекард, ки чӣ тавр карда, ба фронт равад. «Ягон роҳ ёфтан даркор, — фикр мекард ӯ, — охир хурд бошам ҳам, қадам баланд. Солам дар ҳуҷҷат ғалат шудагӣ, мегӯям».

Китфҳои васею қомати баланди Анвар ҳеҷ касро ба шубҳа наовард. Дере нагузашта, ӯ ҳамроҳи ҷанговарони дигар ба фронти Ленинград рафт. Баъди ярадор шудан ба фронти Сталинград фаромада монд.

— Ба ту супориш ҳамин, ки — гуфт лейтенант Фёдоров, рӯзи якуми ба взвод омадани Анвар, — хо, ана, ба ҳамон дарахт баромада, ҷонкулаеро меёбию фақат командирони фрицҳоро ба нишон мегирӣ. Рама бечӯпон монад, сари ҳисобашро гум мекунад. Фаҳмидӣ?

— Фаҳмидам, рафиқ лейтенант, — даст ба чакка бурд Анвар. — Иҷозат диҳед, амал кунам?

пешина
аз 323
навбатӣ