Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

лавҳаҳои фронти мароки калон дошт. Ӯ лавҳаҳои алоҳидаро гаштаю баргашта мепурсид, то донакашро шикаста магзашро нахӯрад, қаноат намекард.

Дере нагузашта, ошпаз дар як табақи калон палави олиҷаноб баровард. Рости гап, кайҳо боз ки палав нахӯрда будам, бӯяш димогамро хорида, иштиҳоямро карнай карда фиристонд. Агар медонистам, ки ин хел палав мешавад, дигар чизе истеъмол намекардаму танҳо палавро мезадаму ҳузур мекардам. Ба замми ин, афсӯс мехӯрдам, ки чанд моҳ дар госпиталь хобида камхӯрок шуда мондаам.

— Хумори палав гирифта бошад даркор?— пурсид Деҳотӣ шӯхомез.— Шумо, ленинободиҳо, дар лаби дарё палавчаро хӯрда, хуб кайфу сафо мекардетон.

— Дар фронт ҳам палав пухтем,— гуфтам.

— Дар фронт?

— Ҳа, дар фронт.

— Чӣ тавр карда?..

— Масолеҳ, ки ёфтем, мепухтем. Биринҷ бошад, он тарафаш ҳеҷ гап не.

— Дегу табакро аз куҷо меёфтед?

— Дар декҷаи солдатӣ (котелок). Лекин вақтҳои оромӣ. Дар хатти якум ба сархорӣ даст намеёбӣ.

— Оббо, шоҳбозҳо-е!

Рӯзе фурсати ғанимат ёфт шуду ман дар фронт аз паи ошпазӣ шуда будам. Комбат Маллиин маҷбурам карда буд. Ӯ палавро хеле дӯст медошт. Солҳо дар кишвари мо нону намак хӯрда, ба палави «дастӣ» одат карда будааст. «Дӯстам, агар тавонӣ, як сурхпалави чойхонагӣ паз. Як мазза кунем», — гуфт.

Фурсати палавпазӣ расид. Қисми мо дар эшелони дуюми фронт мерафт. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷо метавонистем, заминканҳо сохта дам гирем. Маҳалле, ки интихобаш кардам, дарахтзору шамолпанах буд. Бо вуҷуди ин, ҳама бояд дар ҳолати тайёр ба ҷанг бошанд. Хайр, гуфтам, то аз сӯҳбати сиёсӣ баргаштани рота палав мепазам. Сабзӣ ёфта натавонистам. Ба ҷои вай камтар лаблабу реза кардаму пиёэро зиёдтар андохта, зирбакро тайёр кардам. Ним килограмм биринҷро дар дегҷаи тигар шуста (ин биринҷро як моҳ ин ҷониб дар борхалтам эҳтиёт мекардам) ба болои зирбак андохтаму об рехта ҷӯшондам. Обашро кашида, ба дам кардан моил шуд. Вале бо чӣ дам кардаnро хаёл накардаам. Бинобар ин шитобон ба заминкани Маллиин рафтам, ки ягон чизи табақмонанде ёбаму ошро дам кунам. Чизи муьосиб

пешина
аз 323
навбатӣ