Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ёфт нашуд. Ӯ маслиҳат дод, ки дегчаи дигарро ба ҷои дамтабак гӯзораму барои он ки буғаш набарояд, ба болояш ягон чизи вазнине монам. Дар ҳақиқат ин фикри маъқул буд.

— Ба маслиҳат қоил, капитан, — гуфтам ба китфаш оҳиста зада, — хелӣ ошпаз барин-а.

— Касе, ки ба қадри палав мерасад, пухтанашро ҳам медонад, — ҳазломез худро бод кард капитан, пойҳояшро болои ҳам гузотаю чашмонашро хумор карда.

— Хайр, ин дафъа дасту панҷаро мефаҳмем-дия, — ҳазли ҷавобӣ кардам, — кашаи бенамак нашавад судкуя.

— Мебинӣ, шоҳбоз, мебинӣ, — маро аз роҳам дошта ангуштонашро ба як тарафи гулӯяш бурда гуфт ӯ. — Исто, ки пеш аз палавхонтӯра камтар-камтар мезанем-а?

— Ин ҷо ба ту чойхона не, фронт, — гуфтам бо шӯхӣ ва зуд ба сӯи оташдон давидам. Вале ҳанӯз ба ними роҳ нарафта, самолётҳои душман хеле паст омада, бомбаборон карданд ва аз пулемёт беором тир холӣ намуданд. Чангу хоки заминкани мо то ба қади дарахтон расид. Дегчаи ошро ба ким-куҷоҳо ҳаво додааст. Хушбахтона ягон кас ҳалок нагардид. Тамоми рота дар як пастхамии номаълум ҷамъ шуда, сӯҳбати навбатии политруки ротаро мешунид. Фақат ошпаз ярадори сабук шудааст, ки ин ҳам боиси ханда гардид. Ӯ дар сари дег машғули пухтани карамшӯрбо будааст. Оҳанпораи бомба нисфи бинияшро гирифта рафтааст. Ҳама атрофи ӯро давра гирифта, бо камоли завқ механдиданд. Барои он механдиданд, ки бинии ӯ дароз буду ҳамеша дастмояи аския мегашт.

— Мана, акнун аз маломати дигарон ҳам соф шудӣ, — ҳазл кард старшина.

— Ҳамаи ин бомбаборонкуниҳо барои бинии ман будааст-дия, — шӯхиомез гуфт ошпаз.

Ханда боз баланд шуд...

— Дар фронт ҳамин хел ҳодисаҳои хандаовар ҳам бисёр рӯй медиҳанд, — нақламро ҷамъбаст намудам.

— Ҳамин тавр карда, ошро дам карда натавонистам гӯед? — хандид Деҳотӣ.

— Насиб накардааст-дия, — гуфт коргарзани ленинободӣ. — Насиб накунад намешавад. Акнун ошро боз сиҳат-саломат рафта, дар лаби дарё мехӯред, писарам.

— Гиред, аз палави худамон намонед, ҷӯрачон, — таклиф кард Деҳотӣ.

Бо таклифи Мунаввар Шоғадоев барои ғалабаи ҳалки

пешина
аз 323
навбатӣ