Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Фурсат, ки ёфтанд, базмро метасофнданду тамоми ротаро ба сарашон мебардоштанд. Ҷанговарон ҳам онҳоро хеле дӯст медоштанд, бе онҳо таомро намечашиданд.
Рӯзе Курташвилию Читашвили супориш гирифтанд, ки гурӯҳи солдатҳои ба асирӣ фаромадаро ба штаб бурда расонанд. Дар вақти дамгирӣ дар роҳ асиронро пурсидаанд, ки кӣ рақсида, кӣ суруд хонда метавонад. «Ҳамаро мону аммаро меҳмон» гуфтагӣ барин, бо асирон «базми ҷамшедӣ» ташкил кардаанд.
Ҳамин хел ҷанговарони аҷоибхислат буданд онҳо.
Майор рӯ ба дари заминкан хаёл карда монд. Оҳиста-оҳиста лабҳои бехунаш ба табассум моил гаштанд. Равшан аст, ки базми ҷанговарони мо ғаму андӯҳи ӯро дур мекард. Бинобар ин Читашвилию Курташвили ва Резникову Широковро ба заминкан даъват намудем. Онҳо қариб як соат хурсандӣ карданд.
«Санъат — қуввати дил» мегӯянд, рост будааст. Баъд аз он ки ротаро сар то по хабар гирифта, ба заминкан баргаштам, майорро шоду хандон дидам. Ба назарам ӯ на дардро ҳис мекарду на ғаму андӯҳро.
— Дӯсти азизам, — гуфт хушҳолона майор, — акнун метавонед маро гусел кунед. Нағзиҳоятон то охири умрам фаромӯш намешаванд. Раҳмат ба ҳамаатон. Ҳамин тариқ, акнун шумоён бояд дам гиред, боз ба ҷанги навбатӣ омода бошед. Ҳамин тариқ, барои ташвиш доданам аз шумоён узр мехоҳам.
— Чӣ хел ташвиш? Мо вазифаи худамонро иҷро карда истодаем, — гуфтам.
— Не, шумо ба ман умри дубора бахшидед.
— Охир, ҳар кас ҳам...
— Гап мӯл нашавад, рафиқ лейтенанти калон, — бо оҳанги фармонфармоёна гапи маро бурид майор. — Ман не, пичдонам гуфта истодааст ин гапҳоро.
Дар берун болои таҷанкаро бо паҳолу кампалҳо нарм карда, фельдшердухтар ва солдате мунтазир меистоданд. Майёрро оҳиста ба занбари беморкашон гирифтем ва бо эҳтиёти том аз заминкан бароварда, ба таҷанка хобондем. Ӯ бо азобу машаққат аз ҷояш нимхез шуда, ба ҳама миннатдорӣ изҳор намуд ва ба сӯи ман даст дароз кард:
— Биё, дӯстам, рӯятро дурустакак дида гирам, — гуфт. — Бори дигар ташаккур, дӯсти азизам. Барои ин нағзиҳо чӣ хел миннатдорӣ карданамро намедонам. Барои хотираи ин вохӯрии фаромӯшнашаванда ягон чизи дуруст надорам, ки тақдим кунам. Агар айб накунӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё