Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ҳамин мундштукамро чун рамзи дӯстии фронтӣ тақдим менамоям. Агарчанде чизи ночиз аст, барои ман қимат аст. Ман инро бо дастони худ сохтаам. Ҳамин тариқ, дар ҷангҳо ҳамеша ҳамроҳам буд, дар афтодаҳолӣ ҳамдаму ғамбарорам буд. Бигузор акнун ҳамроҳи ту бошад.
Барфи бошиддат кайҳо монда, шамол ҳам хомӯш гашта буд. Димоғи ҳавои пур аз ғубори тирамоҳ андак кушода шуда, фазо хеле софу ситораҳо рахшон гаштанд.
Аз ҳар сӯ мушакҳои гуногунранг ба осмон париданд, прожекторҳои осмонқарош самолётҳои душманро ба нишон гирифтанд.
Таҷанка агарчанде хеле дур рафта буд, дар равшании прожекторҳо бемалол дида мешуд. Барҷало медидам, ки майор ҳанӯз аз гуселкунандаҳои худ чашм наканда, даст меҷунбонд. Ӯ ангуштонашро ба лабаш бурда, ишораан «Мундштукро нигоҳ дор»-ро такрор мекард.
Ман бо ишораи сар мефаҳмондам, ки ҳеҷ гоҳ гум намекунам.
Оре, ман номи майори ҷасурро фаромӯш карда бошам ҳам, мундштуки азизу зебояшро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорам. Гоҳ-гоҳ ба рӯи каф мегираму симои ӯро ба лавҳи хотирам оварда мегӯям:
— Дӯстам, туро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам!
ХАЙР, ҶАНГОВАР ВАСЬКА!
Аскарон таҷанкаҳоро ба як сӯ гузошта, аспҳоро кушоданд. Ҳар кадом сатил дар даст сӯи чоҳи вайронае равон шуданд. Аспҳо ҳам, ки хеле ром шуда буданд, аз паси соҳибонашон мерафтанд. Аспи таргеле думашро ликқонда, бо фукаш кисаю бағали соҳибашро мекофт.
— Овора нашав, ҷонам,— рӯю пешонаяи аспашро сила карда, бӯсид ҷанговар Петро,— тамом шудагӣ.
— Мебахшед, рафиқ командир, ягон дона қанд доред?— ба ман муроҷиат кард Петро.— Ин эркатои мо ба қанд одат кардагӣ. Ҳар рӯз якто қанд нахӯрад, кавоқашонро мегиранду кор кӯшлагат.
— Ҳаст. Мана,— як каф қанд дароз кардам ба Петро,— аспатон қандхӯр шуда бошад, ҳар рӯз қандро аз куҷо меёбед?
— Ҳаққи худамро медиҳам-дия, рафиқ командир.
— Худатон ҳам бояд қанд хӯред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё