Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Рӯзи дигар ҷанг шиддат гирифт. Гитлерчиён ҳуҷум паси ҳуҷум мекарданд, нуқтаҳои оташфишонии моро тирборон менамуданд.
Онҳо ҳуҷумҳои паси ҳами душманро зада гардонда, садҳо солдатҳояшро аз қатор бароварданд. Вале гитлерчиён ба ҳеҷ як талафот нигоҳ накарда, боз ба пеш ҳаракат мекарданд.
— Акнун батальони навашонро ба ҳуҷум дароварданӣ, — гуфт комбат дурбинашро аз чашмаш гирифта. — Барои ҳамин тактикаро дигар кардан даркор. То баландии яксаду ёздаҳ ақиб мешинем. Аз ҷои соз истода, онаашонро нишон медиҳем. Баробари он ки ба ҳуҷум мегузаранд, тӯпчиёну пулемётчиёни мо аз ақиб тирборон мекунанд. Ҷанговаронро огоҳ намоед, бигузор рӯҳафтода нашаванд. Рӯҳафтодагӣ — бой додани нисфи ғалаба!
Аммо дар зери борони тир ва хавфи ҳуҷуми душманон ақиб гаштан ҳам душвор буд. Комбати кордида илоҷи ин мушкилиро тез ёфта тавонист.
— Чунон ақиб нишастан даркор, ки душман тамоман ҳис накунад, — таъкид намуд капитан. — Ду пулемёт дар ҳамон ҷо мемонад. То рафтани дигарон беором тир холӣ карда, диққати душманро ба худ ҷалб менамояд. Бояд пулемётчиёни ниҳоят ҷакқону моҳир монанд. Онҳо бо ишораи шартӣ бармегарданд. Зарур шавад, пулемётро партофта мераванд. Ин вазифаро ба кӣ месупорем? Шермардони хоҳишманд ҳастанд?
— Албатта, ҳастанд! — ба ман рӯ овард парторги батальон.
Барои интихоб кардани чунин шермардон зуд ба взводи Фёдоров баргаштам. Зеро вай аз пункти дидбонӣ он қадар дур набуд. Пулемётчии якуми отделенияи дуюми ин взвод Аникин ном ҷавони лоғар, вале симпай буд. Ӯро дар паси пулемёт дидам. Барои чӣ бошад, ки остини дасти росташ овезон. Аз зери тоскулоҳ низ сару гардани докапечаш намудор буданд.
— Ташаккур ба ту, рафиқ сержант! — гуфтам ба паҳлӯяш наздик шуда. Ӯ ба ман бо табассум нигоҳ карду баъд шармгинона хандид. Бинам Резников. Ҳайрон шудам: — Ту чаро дар ин ҷо? Оё ба медсанбат рав, муслиҷа кун, нагуфта будам?
— Мебахшед, рафиқ командир, — илтиҷоомез гуфт ӯ, — рафтанӣ будам. Хостам, ки бо рафиқонам хайру

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё