Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

маъзур кунам. Бинам Аникин ҳам, пулемётчии дуюм Сергей ҳам пинак меравад. Биёед, дӯстонам, як соат дам гиретон, ман навбатдорӣ мекунам, гуфтам
— Агар душман ба ҳуҷум дарояд, як худат, боз бо як даст, чӣ кор мекардӣ?
— Онҳоро бедор мекардам.
— Ба душман мегӯй, ки камтар ист, ман рафиқо-намро бедор кунам?
— Не, рафиқ командир, ҳисобашро ёфтагӣ мо, — ӯ латтапораи ямоқ-ямоқи борики дарозро нишон дод, ки як нӯгаш ба банди дасташ бастаю нӯги дигараш ба сӯи чап дароз шудааст.
— Ин чӣ нағма?— боз пурсидам, ҳайрон шуда.
— Як нӯгаш ба ангушти дасти Аникин бастагӣ, ра-фиқ командир. Ҳамин ки душман сояашро нишон дод... шарт мекашам.
— Оббо, шайтонҳо-е! — беихтиёр хандидам.
Супориши муҳими ҷангиро худи Фёдоров, Широков ва Аникин гирифтанд.
— Фаромӯш накунед, ки, — таъкид кардам аз номи комбат, — ба шумо вазифаи хеле муҳим, масъулиятнок ва хавфнок супурда шудааст. Андак хатоӣ ба нохушии калон бурда мерасонад. Ниҳоят ҳушёр ва чаққон шу-дан зарур.
— Ба виҷдони комсомолӣ қасам мехӯрем, ки, — гуфтанд ҳар се баробар, — фармон бо ҷону дил ба ҷо оварда мешавад!
То даме ки ҷанговарони қисм ба баландии муқаррар-шуда ақиб гаштанду ҷо ба ҷо шуданд, пулемётчиён аз батареяи тӯпчиён боором тир кушода, диққати душман-ро ҷалб карда истоданд. Мо вақтро ғанимат дониста, ис-техқоми мустаҳкам ва қулайро интихоб карда гириф-тем. Замини васеи доирашакл қариб майдони футбол-бозирою мавқеи мо боми иморатҳои атрофи онро ба хо-тир меовард.
Ба пулемётчиҳо ишораи шартӣ дода шуд. Вале онҳо ҳанӯз ба нисфи роҳ наомада, душман ба ҳуҷуми сахт гузашт. Ба ростӣ, агар мавқеъро иваз намекардем, ягон нафар ҷон ба саломат намебурдем.
— Ана, дидед, расо фиреб хӯрданд-дия, — завқ кар-да хандид эҷдкори ин «фиреб» капитан Малинин.— Ма, тамошо кун,— дурбинашро ба ман дода, тамоку ка-шид капитан.— Шербачаҳо баргашта бошанд?
— Ҳо, ана, акнун ба роҳ даромаданд, — гуфтам, — Широков ва Аникин ҳозир мегузаранд. Пулемётро ҳам

пешина
аз 323
навбатӣ