Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ҷанговарон расида, чун арақи моҳи саратон мешорид. Ҷанговарони мо аз 19 ноябр ин ҷониб фақат ба пеш ҳаракат мекарданд.
Мо бо ҳарбузарби бемисол баландиеро ишғол кардем. Дар пеш майдони васеи на он қадар ҳамвор. Торикӣ ҳам бо ҳавои тира ғафстар гашта, қадамҳоро сусттар ва ҷангро мушкилтар мекард. Вале вазифаи муҳиму масъулиятнок дар пеш буд. Боқимондаи душмани дар ин маҳал бударо тамоман маҳв карда, ба пункти аҳолинишини «Н» зада даромадан лозим.
— Барои Ватан, ба пеш! — фармон дода шуд. Ҷанговарони мо бо «Ура»-и баланд пеш давиданд, баъди панҷоҳ-шаст қадам бо душман рӯ ба рӯ шуданд. Ҷанги даст ба гиреҳон сар зад. Ман ҳамроҳи як офицери дигар ҷанговарони ақибмондаро ба пеш даъват мекардам. Дар айни авҷи ҷанги даст ба гиреҳон ба қафои мавқеи мо паси ҳам снарядҳои миномёти шашмилан вазнини фашистон чун ҳангоси ҳар овоз бароварда, фаромада таркидан гирифт. Тире, ки дар наздики мо тарқид, маро ба замин шинонда монд. Ҳамроҳам тамоман ғоиб шуд.
Оре, ба замин нишаста мондам. Гӯё ба замин часпида будам. Ба пойҳоям гӯё бори гароне фаромад, ки ҳеҷ ҷунбида наметавонам. Куҷоям захмдор шуд, намедонам, дардро ҳис намекунам.
Хушбахтона, ҷанги даст ба гиреҳони сахт бо ғалабаи мо анҷом ёфт. Ҷанговарони далери мо «Ура!-Ура!» гӯён боз пеш давиданд. Ман ҳам беихтиёр бо тамоми овозам «Ура!» мегуфтам.
Вале баробари он ки задухӯрд ба манфиати мо ҳал гардид, ҳавотири ман барҳам хӯрду ҳуҷуми барқвори дард аъзои баданамро ба ларзиш овард. Аз шиддати зӯри вай дандонҳоям ба ҳам зада, роҳи нафасамро чизе буғӣ мекард.
Дар майдони ҷанг ҳеҷ кас наменамуд. Торикӣ торафт доманашро васеътар паҳн карда, бориши барф ҳам суръати чадал гирифта буд. Хушт-хушти тири милтику пулемёт ба сарбардорӣ намемонд, ғурраси снарядҳо, гумбурраси бомбаҳо гӯшро ба қомат меоварданд.
Штаби қисм, ки қариб дусад метр меомад, дар қафои баландӣ воқеъ гашта буд. Бо тамоми қувва зӯр зада, ба якчанд қадам геҷида рафтам.
Афсӯс, ки илоҷи дигар намонд. Гӯё аз миён поёнамро ба замин мех карда бошанд, ҷунбида натавонистам. Ба замми ин барфи бераҳм баландтар мешуд, борони тир авҷ мегирифт. «Аз ҷони набаромада умед», гуфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё