Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм!

Пеш аз оне, ки академик шавед, дар мусоҳибаатон гуфта будед: "Ман даъвои академик шудан надорам. Академикӣ барои ман як қуллаи ҳанӯз дастнорас аст, ба гумонам кулвори илмии ман барои расидан ба он нокифоя мебошад" (Нашрияи "Тоҷикистон", 26.04.17). Аммо бовар кунед, пас аз 100 сол ҳам аз академикии Шумо не, аз он ёд хоҳанд овард, ки дар асри Ҳошим Гадо зиндагӣ кардаед! Аз ин хотир, ба ҷои башаст пӯшидани дари мошини худ ба рӯи Ҳошим Гадо, аз зертобеонатон пурсед, ки бо китобҳои Ҳошим Гадо чӣ карданд?

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон!

Агар на танҳо то ҷон коратон пиёда биёед, ки ҳатто тамоми мамлакатро пои пиёда ё бо нақлиёти ҷамъиятӣ тай кунед, дар хотираи таърих намемонед ва “вазири халқӣ” намешавед! Аммо дар оянда хоҳанд гуфт, ки дар вақти вазирии Орумбекзода Ҳошим Гадо дар кӯчаҳо китоб мефурӯхт! Ҳолати китобхонаҳоро чанд рӯзи пеш спикери парлумон Зуҳуров бароятон арзёбӣ намуд. Бовар кунед, фарҳанги тоҷик ба “одами хуб” не, ба “вазири хуб” ниёз дорад, ки гапаш таъсир дорад!

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе!

Агар бо дастури зиёд тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ва вазорату идораҳо дар ҳар кӯчаву паскӯчаҳои пойтахт боғ, майдончаи варзишӣ созанд ва купрукҳоро “зебо кунанд”, аммо хонаи Ҳошим Гадо, ки дар маркази пойтахт ва наздик ба прокуратураи шаҳр қарор дорад, ҳамин ҳолати хузноварро дошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳанд гуфт, ки шаҳрдории ҷавон “Душанберо дигар кард” (Воқеан, яке аз сабабҳои аслие, ки ӯ мехоҳад китобҳояшро зудтар фурӯшад, ин аст, ки аксари китобҳояш дар айвони хонааш истодаанду Ҳошим Гадо тарс дорад, ки бо пеш омадани борону барфҳо онҳо тар мешаванд).

Лутфулло Давлатов, Аловуддин Абдуллоев, роҳбарони театрҳои ба номи Лоҳутӣ ва ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар!

Ҳатто, агар инро ҳам сарфи назар намоед, ки Ҳошим Гадо бароятон ҳаққи устодӣ дорад, аммо ақаллан фаромӯш насозед, ки дар байни анқариб 200 ҷилди китобаш асарҳое марбут ба театриу кино кам нест. Наход барои харидани як бастаи ин китобҳо маблағ наёбед?

Абдусалом Мирализода, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, роҳбарони китобхонаҳои миллӣ ва ба номи Лоҳутӣ!

пешина
аз 213
навбатӣ