Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
роҳбарияти Театри Лоҳутӣ мусоидат намуду ҳунарманди номдор чанде дигар дар саҳнаҳои ин театр пайдо гардид.
“Хислати мушкили” Ҳошим Гадо боз ҳам сабаб гардид, ки ӯ аз саҳнаҳо дур шавад. Вале чаро мо фаҳмидан намехоҳем, ки Ҳошим Гадо ҲАҚ дорад эркагӣ намояд ва мо БОЯД ӯро ТОҚАТ намоем?
Накарданд. Ӯ боз ҳам коғазу қаламро ба худ наздиктар намуд. Акнун китоб менависад. Ҳоло теъдоди китобҳои навиштааш ба 185 расидааст. Зеро ӯ МИНБАР надорад. Бубинед худаш дар ин бора чӣ менависад:
“Я, Хошим Гадо, не претендую на звание ПИСАТЕЛЬ, и ни на какие звания, связанные с написанием книг. Я уже говорил, что я называю себя ПИСАКОЙ, поскольку я, как ни верти, а уже пишу 167 том (а сегодня уже 185 том). По воле рока и судьбы, лишившись ТРИБУНЫ ТЕАТРА — сцены, с которой я общался со зрителями, я взял шариковую ручку, и моей трибуной стали книги, теперь я беседую со своими читателями через книгу, я просто делюсь с Вами, дорогие мои, своими мыслями, размышлениями, рассуждениями”.
КИТОБФУРӮШИИ ҲОШИМ ГАДО ЭЪТИРОЗ АСТ!
Ин воқеият аст, ки вақтҳои ахир ҳунарманди нотакрори мо дар кӯчаҳо китобфурӯшӣ мекунад. Китобҳои худро. Ин хабар, ки ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ раҳ ёфт, баҳси гармеро ба миён овард. Пас аз навиштани як матлаби инҷониб дар Фейсбук як дӯсти тоҷирам тасмим гирифт, то 30 китоби Ҳошим Гадоро ба 1500 сомонӣ харидорӣ намояд. Ба ваъдааш вафо намуд. Пас аз ин бо ӯ тамоси телефонӣ гирифтам. Ӯ маро ба хонаи худ таклиф кард. Бори аввал аст, ки ба хонааш меҳмон мешававам. Хаёл кардам, ки меравам қасри боҳашаматеро хоҳам дид. Аммо ҳолати ҳузновари ин хона маро ба даҳшат овард. Нақле, ки Ҳошим Гадо бароимон мекард, фоҷиаеро мемонд. Ӯ на барои ҷамъ овардани сарвату мол ба китобнависиву китобфурӯшӣ машғул аст, ҳарчанд чизе дар атрофи 700 сомонӣ (!!!) нафақа мегирад! Тасаввур намоед, ки чанд соли пеш чанд мансабдори собиқамонро, ки номаълум чӣ хизмате намудаанд, бо он муттаҳам намуда буданд, ки то 11 000 сомонӣ нафақа бароиш ихтисос додаанд. Аз ин ҳам бигзарем. Ҳошим Гадо нақл мекунад, ки барои фурӯхтани ин китобҳояш ба пеши киҳое нарафтааст, то онҳоро фурӯшаду китобҳои дигари худро, ки то 200 ҷилдаш омодааст, ба нашр расонад. Ва чӣ таҳқирҳое нашнида! На танҳо аз вазирону мансабдорон, ҳатто аз шогирдони дастпарвараш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё