Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
ёдам омад, ки боре ҳамроҳи ҳунарманди овозадори тоҷик Маҳмуди Воҳид суҳбат доштам. Маҳмуд ҳамеша гиря мекард. Вай маро оға гуфта муроҷиат мекард. Боре, баъди тамошои театри як актёр аз эҷодиёти Хоҷа Ҳофиз, ман ба саҳна баромада табрикаш намудам ва Маҳмуд ба ман рӯй оварда гуфт, ки тамошобини имрӯзаро чӣ баҳо медиҳӣ? Ва ман ҷавобаш додам: калимаи носеҳро носкаш мефаҳманд ва Маҳмуд гирист...
Баъди анҷоми намоиши «Эдип» ман ба саҳна баромада ҳунарманди мардумии Ҳошим Гадоевро бо оби чашм табрик гуфтам. Ва тамошобинон ба ваҷд омада қафкӯбии дуру дароз карданд. Хулоса ман аз Маҳмуди Буруҷардӣ ва хонум Мино пурсон шудам, ки дар бораи ин ҳунарманд чӣ баҳо медиҳед. Онҳо изҳор карданд, ки мо дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон будем ва намоишҳои классикаи ҷаҳониро тамошо кардем. Ин хел ҳунарманди ҷозибанокро, нобигаро бори нахуст дидем ва тамошо кардем. Ҳунарманд Ҳошим Гадоев, мо қатъиян хаёл кардем, ки дар саҳна қурбон шуд. Ва сад шукр, ки баъди якчанд лаҳза боз ба истиқболи тамошобинон баромад. Ва мо шукр гуфтем, ки ӯ зиндааст. Ва иншооллоҳ то дар боз ин кайфият аз ёди мо берун намеравад. Аз Худои муттаол илтиҷо мекунем, ки солҳои сол ин ҳунарманди барҷаста согу саломат бошад. Хоҳиш карданд, ки ҳамин эҳсосоти моро ба Ҳошим Гадо расонед. Ва ман бо як дилгармӣ хоҳиши онҳоро қабул намудам ва иҷро мекунам. Хонум Мино дар суҳбати хоса ба ман боз хотиррасон кард, ки минбаъд ба кадом кишвари дигареб сафар накунад, дар бораи ин ҳунарманди нобига ва нотакрор қисса хоҳат кард».
Одина Ҳошим, ҳофизи мардумӣ,
дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ,
сентябри с. 1993.
«Гуфтаанд, ки бузургии касе ё чизе ё чизе аз дурӣ ва бо гузашти замон бештар ва назаррас мерасад. Ҳашамату бузургии спектакли «Эдип» ва офарандаи он устод Ҳошим Гадоев низ ҳамчунон, хоса ҳангоми таҳлили ҷашнҳои Истиқлоли ҷумҳурӣ ва Анҷумани ҷаҳонии тоҷикон, бараъло намудор гардид. Мо, тоҷикон, ҳашт сол инҷониб аз он лаззат мебарем, вале вақте гуфтаҳои меҳмонони хориҷиро мешунавем, баъд пай мебарем, ки ҳамарӯза бо нобиға, ҳунарманди нотакрор ва шахсияти фавқулоддае ҳамнафасу ҳамзамонем.
Ҷумъа Қуддус, драманавис.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё