Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

«Ҳунари нақшофарини актёри соҳибҳунар Ҳошим Гадоевро дили кас гумон меборад, ки шояд 2500 сол қабл драматурги оламагири юнонӣ Софокл шоҳасари «Шоҳ Эдип»-ро барои ӯ офарида бошад, инчунин Шекспири бемарг дар асри XVI ба дунё омадани чунин актёри олиҷанобро ғайбдонӣ карда, «Ҳамлет»-ро эҷод карда бошад.

Тақозои зиндагист, ки мо осори арзандаи Ҳошим Гадоро ба пардаи садову видеотасвир сабт намуда, дар хазина нигоҳ дорем, то наслҳои ояндаи мо тавонанд аз ин осор ва аз таҷрибаи бойи актёрии ӯ пурсамар истифода баранд».

Юсуф Нуралиев,
Доктори илми тиб, узви вобастаи
академияи байналхалқии инженере.


Пули миёна.
Бузургии Ҳошим Гадоро намедонанд. Чаро ки танҳост.
Имкони ношинохта монданро ҳам дорад. Барои ҳамеша.
Ва аммо як нафару ду нафар шиносанд ва ба паҳлуяш оянд, пуле хоҳанд сохт, миёни вай ва ҷомеа, миёни ростагорӣ ва раҳгумӣ. Ва ин бар нафъи ҷомеа; миёни ҷомеа хоҳат буд.

Раҳими Қубодиёнӣ.


АНҶОМ

Шинохти Ҳошим Гадо, ки аз ҳунармандтарин, фидокортарин ва содиқтарин фардони рушанфикри миллат аст, як лаҳза моро ба фарҳангу таъриху маданияти пурмояи миллат қарин мегардонад. Мо ҳар қадар аз зарбулмасали пурдарди «Оби дари хона хира» худро дур кашида, ба шинохти абармардони сарзамини худ наздик оем, ба ҳамон андоза бедортару ҳушёртар хоҳем шуд. Дар хотима мактуберо, ки ба унвони Ҳошим Гадо 16 сол пеш аз ин навишта шудааст, иқтибос меорем:

«Ҳошими азиз! Шуморо бо чихилсолагии зодрӯзатон табрик мегӯям. Медонам, дар соли нави 1977 чихилсола мешавед. Орзу дорам, ки дар боғи санъат ҳамеша гулбасар бошед ва тамошобинонро солҳои сол тавонед бо ҳунари зебои худ шодком гардонед. Сурати шуморо, ки дар сару либоси юнонӣ кашидаам,

пешина
аз 213
навбатӣ