Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

образҳои дурахшону зиндаи қаҳрамонони ӯ – Темур, Фердинанд, Сӯҳроб ва дигарҳо робитае мавҷуд аст».

Самари меҳнати ӯ чист? Он чӣ ки аз тамоми гӯшаву канори дунё дидаву гирифтори санъаташ, ҳунараш, шахсияташ шудаанд.

Албатта, офаридани асар дар ин сатҳе ки ҷаҳон эътирофат кунад, соддаву осон нест. Ин ҷо истеъдод ҳам ками мекунад, балки меҳнати беохири арақрез мебояд. Ҳамсоя ва шиноси деринаи Ҳошим Гадо духтур Б. Бицоев дар бораи баъзе лаҳзаҳои заҳмати ӯ чунин навишта буд: «Шояд Шумо филми «Достони модар»-ро, ки аз рӯи асари М. Горький таҳия шудааст, дида бошед. Дар он Ҳошим Гадоев нақши Темур – «Ланги ҷонсахт»-ро офарид.

Офаридани ин нақш ниҳоят сангин буд. ӯ зиндагии Темур ва таърихи ҳамон давраро хуб омӯхт. 22 номгӯи китоб, чандин мақола ва рисолаҳоло мутолиа намуд. Дар охир навиштаи Ибни Арабшоҳ, ки бо чашмони худ Темурро дидааст, ба дасташ меафтад. ӯ менависад: «ӯ шахсе буд қоматбаланд, рӯхсораш ба шамшери зангзада монанд, чолокии баброна ва нерӯи шерона дошта». Сафири Испаниё Рио-Де Гонзалес Де-Клавдио низ ин андешаро тақният додааст. Баъди хеле ҷустуҷӯ ва андешаҳо симои қаҳрамонашро сохт.

Ҳошим бисёр ҷонканӣ намуд, ки ҳуҷҷатҳои кушодани қабри Темурро дар Самарқанд ба даст орад. ӯ бисёр бехост, ки аз рӯи ҳуҷҷатҳо дар бораи устухони шикастаи дасту пои рост ва қомати Темур маълумоти аниқ гирад. ӯ чандин бор ба назди табибони шикастабанд рафта хоҳиш намудааст, ки беморонро ба ҳамин гуна дардҳо нишон диҳанд. Ба роҳгардии беморон бодиққат назар меафканад, аз онҳо хоҳиш мекунад, ки чандин ҳаракати дигарро низ нишон диҳанд. ӯ ҳар як қадамзании онҳоро меомӯхт, машқ мекард. Се моҳ дар паи ин кор сипарӣ шуд.

Ба боғи ҳайвонот мерафт ва соатҳо ҳаракатҳои бабрро мушоҳида мекард; роҳгардиаш, нигоҳаш, хӯрокхӯриашро. Шерро дуру дароз зери мушоҳида мегирифт. Ҳамаи намоишҳоеро, ки дар цирк бо иштироки шер ва бабр нишон медоданд, тамошо мекард.

Дар саҳнаҳое, ки Темур дар ҷазодиҳии қурбониҳояш иштирок мекунад, Ҳошим Гадо то андоза ба нақш ворид мешуд, ки «ҷаллодон» аз иҷрои нақш даст мекашиданд.

Рӯзе аз Ҳошим пурсидам, ки чӣ гуна марди қадаш қариб ду метр баланд нақши ҷосус Ризоро офарид. Охир Ризо марде буд, кӯзапушт ва қоматаш миёна.

пешина
аз 213
навбатӣ