Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

бароятон мефиристам, зеро шуморо дар нақши Спартак ҳамин хел дидан мехоҳам».
Л.Н. Островская, ш. Маҳачқалъа.

Воқеан орзуи таҳияи «Спартак» ва офаридани дунёи қадим аз ормонҳои дерини Ҳошим Гадо мебошад.
Биёед, ҳамагони дуо кунем, эзиди пок ба ӯ бахту саодат диҳад ва ӯро ба мақсадаш расонад. Биёед, ӯро дар сухан не, амалан шиносем, эҳтиёт ва кумакаш кунем.
Таҳияи Гулназар, «Адабиёт ва санъат», 20.01.1994.

Ҳошим Гадо... Марди баландболое, ки ба як дидан қаҳрамонони устураҳои Юнони қадимро ба хотир меорад:
пайкари паҳлавононаю китфони васеъ, мӯи зардранги омехта бо сафедӣ ва хамида ба қафо, нигоҳи вазнину ороми файласуфона ва дар чеҳраи андешамандаш нишонаи ноумедӣ... Шояд ин андеша аз Ҳошим — Эдип ба ман «сироят» шуда бошад ва шояд Ҳамлету Эдипу Спартак худи ӯро «сироят» кардаанд...
Санъатшинос К. Клюткин низ ба ҳамин ақида наздик буд:
«Суперактёри италиявӣ В. Гассман, намедонам ба дигарон чӣ хел, ба ман бисёр Ҳошим Гадоевро ба ёд меорад ва баръакс. Ҳар ду дорои ҳиссиёти баланди арристӣ ва ҷавҳари мардони ҳақиқӣ мебошанд». Доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ (аз Кобул) бошад чунин зикр карда буд: Ҳунарманди бузург Ҳошим Гадо... бо тамоми вуҷудаш бо тамоми эҳсосоташ дар сиришти Эдип дар баданаш ҳулул карда бошад».
Эҷодкори ҳақиқиро хеле кам мефаҳманд. Ва ҳатто «гуноҳаш»-ро низ ҷустуҷӯ мекунанд. Лекин аз таҳлили ҳамин «гуноҳаш»-ро низ дарёфтан мумкин, ки эҷодкор чӣ мехоҳад.
Шукур Султонов, доктори илми таърих, профессор, «Дар бораи ӯ (Ҳошим Гадо — Д.Н.) мегӯянд, ки «вай хаёлпараст» аст. Вале дар асл ин суханҳо дилбастагии беинтиҳо, хизмати фидокоронаи ӯро ба санъат ифода мекунанд. Бисёр рафиқони Гадоев ҳанӯз дар солҳои студентӣ ба ҳайрат меафтоданд, ки ӯ бо завқу завқ фалсафа ва адабиёти антиқаро мутолиа мекард, ҳарчанд, ки онҳо ба театр бевосита алоқа надоштанд. Оре, дар байни худӯмузии актёр ва

пешина
аз 213
навбатӣ