Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

иҷрокунандагони ҷаҳон навоварӣ аст; Ҳамлет мисли ҳайвон ба лабу забонаш болои ҳарфҳоро палмосида аз лаби варақи китоб мегазаду онро хонда тарафи қафои саҳна туф мекунаду мегӯяд: «Гапу, гапу, гапу, гап». Полоний боз бисёр маккорона мепурсад: «Дар он ҷо, дар даруни китоб чӣ навишта шудааст?» Ҳамлет аз он ҷо хеста ҳангвос мезанаду сипас қафоноқи чоргов раҳ мегардад. Яъне худро ҳамин хел нишон дода, ман бояд дар чашми душманонам хок бипошам. Полоний маро ақлгумкарда пиндошта аз наздам рафт. Ман аз ҷоям хеста зонуямро метакаму китобро ба қафои саҳна ҳаво дода ба тамошобинон рӯ меорам: «Вой бар ҳоли ин пирони яблахи дилбазан». Бояд тамошобин бо ҳамин ишораҳо мефаҳмид, ки ман бо шоҳу вазир муборизаи нобаробаре мебарам ва маҷбурам худро маҳз ҳамин хел «ақлгумкарда» вонамуд созам. Лекин ҳайҳот, бадбахтии Ҳошим Гадо дар он аст, ки ӯро чӣ дар ҳаёт ва чӣ дар саҳна намефаҳманд. Як нависандаи машҳур Ҳамлетро тамошо карда ба ҳампаҳлуяш мегӯяд: «Ҳамлет доно буд ку, Гадоев ӯро девона бозӣ мекунад». Дар асри XIX Мочалов ном актёри бузурги рус Ҳамлетро офарида буд. Мунаққиди машҳур Белинский 8 маротиба Ҳамлети Мочаловро тамошо кард, баъд андешаҳои худро рӯи коғаз овард. Дар мо мунаққид як бор спектаклро тамошо карда дарҳол хулоса тайёр мекунад.

  • Ба фикрам, тоҷикон низ «Ҳамлет»-и Шуморо фаҳмида метавонистанд. Доктори илмҳои тиб, профессор Юсуф Нуралиев дар бораи эҷодиёти Шумо чунин суханҳо дорад. «Пас аз тамошои спектакли «Ҳамлет» ва «Эдип» аз таъсири зиёди намоишномаҳо қариб як ҳафта ба худ омада натавонистам», Лекин мутаассифона, чунинҳо ангуштшуморанд... Ҳамлети Шуморо аврупоҳо чӣ хел қабул карданд?

  • Бисёр нағз. Санъаткоре аз Одесса дар рӯзномаи «Вечерний Душанбе» навишта буд, ки дар хати худ чунин асари таъсирбахшро надида будам. Ҳошим Гадоев дар нақши Ҳамлет маро моту маҳбут карда ва ӯ аз фикру қалби ман берун намеравад. Агар ин образро дар Москва, Лондон, Ню-Йорк, Рим, Африка иҷро мекардам, муҳоҷири онҳо мегуфтанд, ки ман чӣ хел Ҳамлет офаридаам. Сад дарег, ки Ҳамлети ман аз Душанбе берун набаромад.

Ҳошим Гадо – актёр, режиссёр, артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, Артисти халқии СССР, Лауреати мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, мукофоти Анаҳита, мукофоти давлатии СССР чанде қабл бо қарори Кумитаи давлатии Федерасияи Россия оид ба

пешина
аз 213
навбатӣ