Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
маълумоти олӣ соҳиби унвони баланди педагогӣ – профессор гардид.
Дар саҳнаи театр у навори кино зиёда аз 150 образ – нақш офаридааст. Дар театр ва бо донишҷӯёни Донишкадаи санъат қариб 40 асари хурду калонро ба саҳна гузоштааст, ки дар аксарияташ рассом-ороишгар, коргар худи ӯ буд. Номгӯи нопурраи нақшҳои барҷастае, ки дар театр у кино офаридааст: дар театр – Содиқ дар «Суруди кӯҳсор»-и Г. Абдулло, Лолаев дар «Иролан зан»-и А. Сидқӣ, Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Маркандал дар «Модарондар»-и Блазак, Хлестаков дар «Муфаттиш»-и Гогол, Ҳамлет дар «Ҳамлет»-и Шекспир, Дон Жуан дар «Фоҷиаҳои хурд»-и Пушкин, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа»-и Хушкиобӣ, Наср дар «Рӯдакӣ»-и Улуғзода, Абуалӣ ибни Сино дар «Ҷавонии Сино»-и Улуғзода, Суҳроб дар «Рустам ва Суҳроб»-и Г. Абдулло, Несчастливцев дар «Ҷангал»-и Н. Островский, Иброҳимбек дар «Тӯфон»-и Г. Абдулло, Девона дар «Шаби гирифтани моҳ»-и Мустай Карим, Шоҳ Эдип дар «Эдип»-и Софокл; дар кино: Муъминбек – сардори босмачиҳо дар «Ҷура – шикорчӣ аз Минҷархар», сардори босмачиҳо дар «Чор нафар аз Чорсанг», («Тоҷикфилм»), Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек», («Ӯзбекистонфилм»), Суҳроб дар филми «Рустам ва Суҳроб» («Тоҷикфилм»), Агат Мара дар «Набарди се шоҳ» (истеҳсоли Марокаш – Италия – Испания – Америка – Ӯзбекистон), Гӯрак дар «Сӯғдиён» (Алҷазоир, Ӯзбекистон), Садриддин дар «Зане аз роҳи дур» («Тоҷикфилм»), шикорчӣ дар «Шикори охирин» («Тоҷикфилм»), Ғазанхон дар «Нури гулханҳои хомӯшуда» («Озарбойҷонфилм»), Сафар дар «Гуреза» («Тоҷикфилм») ва ғайраҳо.
Аз нақши аввалини шогирдона Тарталя аз «Шох – Гавазн»-и Гоцци то «Эдип»-и ҷаҳонгир – ҳама натиҷаи меҳнати фикрию ҷисмонӣ ва шабнахобиданҳои тӯлонии Ҳошим Гадо, ки қаҳрамони асарро зиндаю замонавӣ мекард, аз тарафи оммаи васеи мухлисон – аз академик то хонанда, аз корманди санъат то коргари оддӣ баҳои баланд гирифтаанд. А. Абдураҳмонов: «Тарталя – пирамарди маскарабози мазҳакаи ниқобҳо, ки дар «Шох-Гавазн» Гадоев офарид, аз рӯи ҷӯшу хурӯш, фоҷианокии ботинӣ, рӯҳияи бисёрҷабҳа то персонажҳои соҳиби неруи шекспирӣ сабзид».(1964).
Вақте Суҳробу Эдипро беҳтарин образҳои офаридаи ман мегӯянд, қаҳрам меояд,– гуфт дар як суҳбаташ Ҳошим Гадо –

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё