Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

аз мақолаҳои Аълохон Афсахзод, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, то андозае барои назаре афкандан ба зинаҳои эҷодии Ҳошим Гадо имкон медиҳанд. Соли 1964: «Офаридани образи Фердинанд ба Ҳошим шарафи бузурге овард. Артист чун мӯъҷизакор аз оғоз то анҷоми спектакл, пеш аз ҳама моҳияти иҷтимоӣ, ҳаракату рафтор, маданиятнокӣ ва замири поки ҷавонеро нишон медиҳад, ки қудрати муҳаббати инсонро ба пойдории оину русуми шахшудаи табақавӣ муқобил мегузорад. Ӯ дили бисёр ҳассос дорад, аз муваффақият ва барор гирифтани кор зуд муассир мешавад. Дар як нафас аз як ҳолат ба ҳолати дигар мегузарад.

Артист ҳолатҳои гуногун ва ба ҳамдигар зидро бо санъати баланд ва моҳирона нишон медиҳад. Вақте ки ӯ дарди дил мегӯяд, тамоми ваҷоҳаташ ҳисси андӯҳро ифода мекунад, аммо сабру тоқат ва пурбардошту дар такопуи мақсад буданаш низ зоҳир шуда меистад».

Соли 1962: «Маҳз бозии артист, бар хилофи ақидаи драматург ва режиссёр, касро маҷбур мекунад ба масъалаи анъана ва навоварӣ дар санъат ҷиддитар ва аз нуқтаи назари ҳозиразамон нигоҳ кунад. Як муваффақияти барҷастаи спектакл ана ҳамин бозии Ҳошим Гадоев аст.

Соли 1966: «Ҳошим Гадоев мағз андар мағзи қаҳрамони худ ҷой гирифта, ҳама ролҳояшро бо ҷӯшу хурӯш ва дилгармӣ, бо муҳаббат ва боварӣ иҷро мекунад. Дар роли Дон Жуан Ҳошим Гадоев барои ифодаи олами ботинии қаҳрамонаш тамоми маҳорат ва истеъдоди худро ба кор бурдааст».

Соли 1973: «Бозиҳои Ҳошим Гадоев дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ, дар «Ҷангал» (дар театри русии Маяковский — Д.Н.) ва кино гувоҳӣ омадаанд, ки ӯ дар эҷоди образи шахсиятҳои муқтадир, серҳаракат ва пурҳаяҷону мумтоз буда, дар таҷассуми нақшҳои фоҷиавӣ, вазнин ва файласуфӣ ҳам ҳунари том дорад. Бинобар ин, тамошобинон чашмдоранд, ки ӯ на танҳо нақшҳои Шоҳ Эдип, Ричард, Ҳамлет ва монанди инҳо, балки Хайём, Ҳофиз ва Ҷомиро ба вуҷуд оварад».

Соли 1973: «Эҷоди чеҳраи Наср бинни Аҳмади Сомонӣ чун подшоҳи соҳибмаърифат, вале якрави золим дар эҷодиёти Гадоев зинаи нав аст. Вай қаблан нақшҳои Темур ва Афросиёбро низ таҷассум карда буд. Аммо нақши Наср ба онҳо шабоҳат надошта, басе мураккаб аст. Насри офаридаи Гадоев ҳокими мутлақ, ҷаҳонхоҳ, душманкуб ва фуқарокуш аст, вале аз илм ҳам бегона нест, ба маънии шеър сарфаҳм меравад, онро на танҳо чун аспиха

пешина
аз 213
навбатӣ