Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фердинанд, Хлестаков, Несчастливцев, Ҳамлет, Ибни Сино ва дигарҳоро поён гузоштани нестам. Санъатшинос А. Гордон навишта буд: «Ба Ҳамлети Гадоев Эдип ҳам ба вуҷуд омада наметавонист. Вале аз пайраҳаи эҷодии Ҳошим Гадо хулосаи дигаре бардоштан мумкин: роҳи Ҳамлету Эдипи Ҳошим Гадо аз Фердинанди Ҳошим Гадо сар мешавад. Академики санъатшинос аз Германия Алфред Курелла ҳанӯз соли 1964 аз офариниши Фердинанд хулоса бароварда гуфта буд, ки «муносибати актёр осори Шиллерро ба драмаҳои Шекспир наздик мекунад». Инак, чанд андеша дар бораи Фердинанд ва дигар образҳои офаридаи Ҳошим Гадо.

М. Шокир: «Бе ҳеч муболиға, артисти ҷавони соҳибистеъдод Ҳошим Гадоев роли... Фердинанд, ошиқи покро чунон моҳирона бозӣ кард, ки дар тасвири он қалам оҷизӣ мекашад... Бозии артисти ҷавон тамошобинро ба чунин хаёл меоварад, ки роли Фердинанди ошиқ, ошике, ки тайёр аст, барои маҳбубааш - Луиза ҷонашро қурбон кунад, маҳз барои артисти ҷавон Ҳошим Гадоев навишта шудааст». («Маориф ва маданият», 28.12.1962).

Маҳмуд Воҳидов – актёр: «Ба фикри ман, ту имрӯз аз майдон ғолиб баромадӣ. Ва иҷozat деҳ аз самими дил табрик намоям ва дар муҳорибаҳои аз ин ҳам сахттар, ки дар сари роҳат ҳастанд, боз ҳам мустаҳкам шуданатро орзу намоям». (Пас аз намоиши «Макр ва муҳаббат» ва иҷрои нақши Фердинанд аз ҷониби Ҳошим Гадо, 23.10.1963 - Д.Н.).

Алфред Курелла - академик, санъатшинос, профессор аз Германия: «Намоишномаи «Макр ва муҳаббат»-ро ман чандин бор ва бори чандин забон дидаам, вале бояд бигӯям, ки ман мисли бозии ин артистони тоҷик ҳунарнамоиеро дар саҳна хеле кам дидаам. Бояд бигӯям, ки аз бозии «мудшуда»-и ҳунарпешаҳои Ғарб дида ҳамин кори Ҳошим Гадоев (роли Фердинанд) борҳо беҳтар аст». («Аз Ғарб борҳо беҳтар» дар «Маориф ва маданият», 23.05.1964).

М. Шарофов: «Агар Фердинанди Ҳошим Гадоевро... тамошо кунед, худ мебинед, ки актёри ҷавон чӣ тавр эҷодкорӣ мекунад ва барои кушодани моҳияти образ тамоми эҳсосоти худро мебахшад. Ҳ. Гадоев актёри пурэҳсос ва дорои табъи баланд буда, бештар ба ифодаи рӯҳияи қаҳрамони саҳна мекушад. («Санъати театр», «Ирфон», 1971).

Олими маъруфи тоҷик адабиётшинос Аълохон Афсахзод: Тан беш аз се даҳсола инкишофи санъати театрии тоҷикро зери мушоҳида гирифта, мақолаҳои ҷолибе эҷод кардааст. Чанд порчае

пешина
аз 213
навбатӣ