Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

зиндагии имрӯза зодааст: «Ишқи гунг», «Ситораи номаълум», «Мусоркахӯр» чунин аст. Тоҷике ба духтур мераваду мегӯяд, ки касалам. Духтур мепурсад, ки «Дору оварди? Кӯрпаву таҳсари оварди? Инро оварди? Онро оварди?» Касали беҳушшуда меғалтад. Шикамашро ҷарроҳӣ мекунанд. Аз дарунаш оҳанпораву латтапора, банка ва дигар чизҳоро мебароранд. Дегро гирифта наметавонанд, духтур амр мекунад, ки табарро биёранд. Вақти бо табар задан касал ба по мехезад, табарро гирифта ба духтур ҳуҷум мекунад, ҳамаи таҷрибаомӯзон «ложись» мешаванд. «Ту чӣ хел духтурӣ?» «Худо занад, ки духтур нестам!» Касали ба таҷрибаомӯзон ҳуҷум мекунад.

«Худо занад амакам телефон карда буд, маро қабул карданд». (Дар охири асри XX аҳволи вузҳоро бо як ҷумла ифода мекунам). Касали ҳақиқатро фаҳмида боз беҳуш шуда меафтанд. Духтур боз амр мекунад, ки «наркозаш диҳед». Лекин наркозро худашон фурӯхта хӯрда буданд. Бо зарбаи даст «заглушиташ» мекунанд, аррааш мекунанд, баъд кранро оварда аз шикамаш деги холиро мебароранд... Албатта, ин мундариҷаи хушки асар аст. Онро бо ҳама ҷузъиёташ дар саҳна дидан даркор...

Бо ҳамаи ин асарҳо ман театри хирадрро ҷустуҷӯ дорам. Дар ин асарҳо касеро ганда намекунам, кӯшиш дорам инсонро ислоҳ бикунам: аввал худам ва баъд дигаронро. Дар ҷустуҷӯи доруе ҳастам, ки инсонро - дилашро, сарашро, баданашро табобат кунад. Ва ин доруи ман санъати ман аст.

Касалии ман (мусоркахӯр) табарро гирифта ба «табибаш» мегӯяд: «дарде, ки ба бадани манн мерасонӣ як бор дар бадани худат ҳис кун, бад мефаҳмӣ!» Ман инсонро тарбия мекунам: «ту ҳам мисли манн одамӣ, инро фаромӯш макун!» Вақте 40-50 ҳалта ордро хона мебарӣ, дар бораи дигарон, зану фарзанди онҳо низ камтар фикр кун! Он вақт ҷанг намешавад, шӯриш намешавад. Вақте ки луқмаи охирини одамро кашида мегиранд, ӯ чӣ кор кунад? Дар халқ мегӯянд: «Гушна ба шер задаст»... Ё худ дар мактабҳои олӣ он бачаи камбагале, ки шояд Сино шавад, мумкин аз вай Гиппократ барояд, қабул намешавад, барои бачае, ки дар калла чизе не, вале «Мерседес» ё «Ҷип» дорад, ҳамаи дарҳо кушода...

Яъне ман тарбияи дурусти инсонро пешниҳод мекунам. Ин силсилаи асарҳо - ин паҳлуҳои нави Ҳошим Гадост, қадамҳои аввалини ӯст дар ин ҷода. Одамро буқаламун нишон медиҳам, тамоми каҷмакачиҳояшро мекушоям, то омӯзему беҳ шавем...

пешина
аз 213
навбатӣ