Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Театри хирад (ва шояд театри андеша). Қадамҳои Ҳошим Гадо босуботанд, такя ба худ, ба хиради худ дорад. Аз ҷиҳати навиштану режиссёрӣ касро такрор кардагӣ, аз ҳеҷ касе «гирифтагӣ» нест. «Туда+туда=?» ва «Рама» — Ҳошим Гадо бешак маҳсули ҳамин андеша, ҳамин кӯшишу машақкатанд. Баъзеҳо аз аҳли илму фарҳанг таклиф карда буданд, ки Ҳошим Гадо шояд «Театр-тифл» таъсис диҳад. Вале Хомихон инсон андешаву кӯшиши Ҳошим Гадоро ба бунёди Театри Хирад талқин кард.
Абдулло Зуҳур, журналист: «Театр барои Ҳошим Гадо минбари тарбия аст. Даъват кардани мардум барои фурӯ нишондани нафси ҳайвонӣ, гуноҳ накардан, барбод надодани шаъну шуҳрати инсонӣ дар эҷодиёти ӯ чизи нав нест. Вале дар асарҳои баъдинааш чизи дигаре мушоҳида мешавад. Ҷанги бародаркушӣ ӯро водор сохта, ки сари ин мавзуъ жарф андешаронӣ кунад. Аниқтараш инсониятро огоҳӣ диҳад, ки лаби вартаи ҳалокат қарор дорад».
— Мо инсонҳо ҳанӯз ҳам хеле хом будаем. Бисёриҳо барои зистан дар ин замини худодод намеарзем. Барои расидан аз хислатҳои ҳайвонӣ ба тамаддуни инсонӣ одам ҳазорсолаҳоро тай кард. Вале барои бозгашт як лаҳза кифоя аст. Кушодани ҳамин фалсафа мақсади асосист. Вале ин асарҳо ба тарҷумон ниёз доранд. Чаро?
Масалан, оғози «Дар қатра баҳр»-ро гирем. Тамоми эволютсияи инсониятро бо як ресмон нишон медиҳам. Аз кунҷи саҳна аввал маймун пайдо мешавад: аввал санг мегирад, баъд чӯбдаст мегирад, баъд найза, баъд шамшер, баъд тӯпу туфанг, ракетаю бомба барои худро нест кардан. Баъд ин ҳайвонҳои нав баромад якдигарро нест мекунанд. Ва аз ду тараф ду коргардон пайдо мешаваду ресмонро бо ҳамаи ин ба мех меовезанд. Ва дар мобайн тифл – рамзи ҳанӯз ҳам тифлию хомии мо. Дар як кунҷи саҳна маймуни ғамгин ва дар пеши ӯ ҳайвонҳои навбаромад - одамон афтодагӣ, ки ҳамдигарро нобуд кардаанд... Ҳамаи ин рамз, ҳамаи ин фалсафа аст. Баъд оғоз меёбад он кору кирдоре, ки одамони имрӯза мекунанд...
«Туда+туда=?» дар нигориши Зиё Абдулло:
«Ҳуҷраи дару девор ва тирезаву шифташ сиёҳ мисли рӯзҳои мо. Танҳо ранги фарши ҳуҷра сурх аст, гӯё на ранги сурх молида, балки хуни рехтаи ҷавонон, занон ва тифлакону наврасон - на рӯзҳои мост. Рӯи фарш устухонҳои хурду калон, қабурғаҳои урён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё