Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
медароянд ва хомӯшона саҳнаро мерубанд, аз ҳама чизи афканда тоза мекунанд ва мешӯянд.
Ҳамаи иштирокчиён рӯи саҳна мебароянд, дар миён эълоне рӯи коғаз:
«ТУДА+ТУДА=?
(Тудаи дуввум бо хуруфоти форсист).
Муаллиф, таҳиягар ва рассом: устод, доцент, Ҳошим Гадо.
Оҳангсоз: Қудратуллоҳи Ҳикмат Иштирокчиён: донишҷӯёни соли дувуми актёрӣ ва соли аввали режиссёрии Донишкадаи санъат («Ҷумҳурият», 26.08.93).
Ин ҷо шарҳи иловагии худро нолозим мешуморам, ҷуз овардани чанд пораи дигар аз сӯҳбатҳои Зиё Абдулло устод Ҳошим Гадо ва тамошобини ҳамин намоиш (Зиё Абдулло. «Туда+туда+?, «Ҷумҳурият», 28.08.95).
Ҳошим Гадо:
- Ман ба шогирдон кам гуфтан ва пурмаъно гуфтан, ҳатто бесухан изҳори маънии баландро меомӯзам. Ва ин саҳнаи «Туда+туда+? Интихоби аввалини онҳост. Роҳи неки дар саҳна ҳамин аст.
Лариса Молчанова, санъатшинос: - «Чӣ қадар асари аҷиб, саропо нав, сар карда аз жанраш, чӣ қадар бозёфти тоза, чӣ қадар заҳмат, ирода. Ин асари фалсафии тамсилиест, ки ба замон нигаронида шудааст, ба фоҷиае, ки имрӯз халқи ҷумҳурӣ аз сар мегузаронад. Таҷрибаи Ҳошим бомуваффақият баромадааст, мақсад рӯи каф омада. Асар асари тамом аст... Асар дар қатори беҳтарин анъанаҳои пештози Ғарб Марк Шагал, Сальвадор Дали, Пабло Пикассо, Ренато Гуттузо аст».
Тоҳир Баҳром:- «Аз тамошои ягон спектакл ин қадар ҳайратзада набудам. Дар дунёи санъати театрӣ нақвоварист».
Убайдулло Раҷаб – Артисти халқии Тоҷикистон: «Баъзан гумон мекунам, ки ӯ дар асри худаш таваллуд нашудааст. Мисол ҳамин асари Ҳошим Гадо («Туда+туда+?- Д.Н.), ки як олам фалсафа дорад, мисли осори Саъдӣ ва Шекспир аст. Ин ҳамдигархӯрии одамон, дасти тиҳӣ рафтани онҳо, парвози рӯҳҳо ва рӯфта тоза кардани саҳни замин аз ифлосиҳо ӯро ба бузургон мепайвандад. ӯ чизи оддӣ, сабук, муқаррарӣ гуфта наметавонад. Ва ҳаққи гуфтани онро ҳам надорад, ӯ ба ҳамон дараҷае расидааст, ки дигар иҷозат додан барои чизи поёнтар худро маҳрум кардааст».
Раҷабмад Амиров - ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон, профессор: «...Фикр мекунам, ки Ҳошим Гадо бояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё