Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
студияи шахсии худро дошта бошад, чунки ӯ услуби хоси таълими актёрҳоро дорад. Ва агар аз рӯи дили ӯ актёрҳо таълим дода шаванд, бояд ки дар ояндаи наздик Ҳошим Гадо театри худро офарад. Ва танҳо дар ин театр ӯ метавонад аз рӯи услуби худ спектакли таърихиеро ба монанди «Спартак» ба саҳна бимонад, чунки ин хел актёрҳо ва режиссёрҳо мисли Ҳошим Гадо камёфтанд. Ва вақти он расидааст, ки роҳбарони вазорат ба Ҳошим Гадо ин имкониятро фароҳам биёранд, то мақсадҳои наҷиби ӯ дар таърихи санъати миллии ҷумҳурӣ амалӣ гардад».
Ҳошим Гадо — ҳайкалтарош... Бори нахуст дарёфтам, ки устоди бузурги саҳна паҳлуи тамоман дигари «иловагии» эҷодӣ доштааст, ки он ҳам то андозае дар фаъолияти асосиаш — офаридани шахсиятҳои мураккаб ёрӣ мерасонад. Ҳанӯз зиёда аз си сол қабл Аҳлиҳои Афсахзод дар бораи ҳайкалтарошии ӯ навишта буд:
«...Ин дафъа ман бо Ҳошим дар вазъияти ғайримуқаррарӣ вохӯрдам. Вақте ки вориди хонаи ӯ гардидам, дӯстам исканаю болғача дар даст машғули ҳаккокӣ буд, ки ман аз ин ҳунари ӯ хабар надоштам. Ҳошим аз таҷъуби ман пай бурда, сабаби ба ин кор шуғл карданашро нақл кард. Маълум шуд, ки артисти боистеъдод чандест, ки бо ин кор машғул аст ва аллакай ҳайкалҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Спитамен, Темурмалик, Лев Толстой ва дигаронро сохтааст.
Махсусан, муҷассамаҳои Спитамен ва Темурмалик бағоят пурҷозибаанд. Ҳар ду ба гузаштаи пуршуҳрати мардуми тоҷик бахшида шудааст. Маълум аст, ки Спитамени суғдӣ 2293 сол қабл аз ин бар зидди лашкари истилогари Искандари Македонӣ ва Темурмалики Хуҷандӣ соли 1220-23 ба муқобили урдуи ваҳшию хунхори муғул мубориза бурда, шарафи хоки Ватани муқаддаси худро нигоҳ дошта буданд. Санъаткор ин ду образро ба таври гуногун нишон медиҳад, бинобар ин, агар ваҷоҳати Спитамен ғазаби халқро нисбати истилогарони хориҷӣ ифоза намояд, симои Темурмалик шикастнопазирӣ ва рӯҳи муаззами халқро таҷассум менамояд. Муҷассамаи Лев Николаевич Толстойро намегӯед?! Охир, ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки ӯро даҳои адабиёти рус мегӯянд. Аз тасвири Ҳошим мӯйҳои парешон, чашмони фурӯрафтаи мутафаккир, қиёфаи сеҳрангези ин пайғамбари адабиёти ҷаҳони бузургӣ ва безаволии эҷодиёти ӯро ифода менамояд.
Эҷодиёти Ҳошим танҳо ба гузашта нигаронида нашудааст. Вай ҳам дар саҳна ва ҳам дар ҳайкалтарошӣ образи муосирони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё