Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар орзуи заринан Шумо «Спартак» аз «Спартак»-и драматург А. Упит, ки аз рӯи асари безаволи Ҷованоми навишта шудааст, чӣ мемонаду шумо чӣ илова мекунед? Умуман идеяи асосии асар кадом аст, бо «Спартак» чӣ гуфтан мехоҳед?»

  • Асарҳои таърихию бадеӣ аз ҷумла асарҳои Ҷованоли ва драматург Андрей Упит таҳкурсии «Спартак»-и ман мешаванд, вале ман ғояҳои худро медарорам, он чизҳоеро ки дар асарҳои мавҷуда мешуд, лозим набуд. Чаро «Спартак»?

Ман аз овони ҷавонинам дар бораи пайдоиши ҳайвону одам, омаду рафти наслҳо аз оғози таърих то имрӯз, пайдоиши Замину Офтоб, Моҳу ситораҳо бисёр андеша мекунам: одам кист? Дар бораи дузаху биҳишт... Ва дар бораи омаду рафти мо, асрори марг... Як фикре пайдо шудааст, ки онро танҳо ба воситаи «Спартак» исбот кардан метавонем. Тамоми олам маҳбас, зиндон аст. Мо дар камари падарем. Аз камари падар ба батни модар мегузарем. Дар камари падар зиндон будем, ба зиндони батни модар меомадем ва сипас ба ин дунё – ба зиндони калонтар ва ин зиндон низ боз дар дохилаш зиндонҳо дорад. Як бор ба инсон зиндагӣ насиб мешавад ва он дар зиндон мегузарад. Аз пайдоиши инсон то ҳозир кураи Замин дар маҳбаси коиноти беҳудуд аст. Инсон ба ахтарон менигараду аз дастнорасии онҳо очизию дасткӯтоҳии худро ҳис мекунад. Ва баъди гузаштан аз дунё ҳам ҷасади инсон дар қабр – зиндони абадӣ ҷо мегирад...

Яъне ба воситаи ин фикрҳо ва ин асар мехоҳам чӣ будани умри инсон, қадру қиммати оламу одамро нишон диҳам. Умр ба одам як бор насиб мешавад. Биёед як пора нонро бо ҳам бинем ва ҳамин ҷангу ҷанҷол, ҳамин шӯришу бародаркушиҳоро бас кунем. Охир дунё худаш зиндон аст ва инсонҳо барои худ ва дигарон боз зиндонҳои дигар месозанд, якдигарро ба қатл меоранд. Дар тамоми гӯшаву канори дунё одам аз пайи таъқиби ҳамдигар аст. Бозист, биандеш эй инсон, аз нав ба ҳайвонӣ, ба сари санг бармегардӣ! Дар ҳамин дунёи дурӯза инсон бояд чун дар биҳишт зиндагӣ кунад. Фикр мекунам ин ғояи бисёр баланд аст.

Ғайр аз ин асар паҳлуҳои дигар низ дорад. Масалан, ҷангҳои гладиаторҳо. Тамошобинон аз як тараф ҷангро маҳкум мекунанд. Ё худ бигирем қашшоқию сарватмандиро. Қашшоқии инсоният чист? Ва қашшоқии инсонро то охирин нуктаи чуқуриаш нишон доданӣ ҳастам. Ва аз дигар тараф сарватмандию айшу ишрати дунёиро. Масалан, дар Америка барои саг қаср месозанд, барои ӯ либоси

пешина
аз 213
навбатӣ