Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
худро наз бо як самимияти ба худ хосе меофарад, ки ба ин бозин у дар ролҳои Лолаев, Содиқ ва ҳайкали эҷоткардаи у «Оброн» гувоҳи медиҳанд. (1964).
-
Акаи Ҳошим, дар бораи ҳайкалтарошиатон чанд суханги дигар илова кунед?
-
Дар солҳои донишҷӯӣ, ҳангоми кор дар театри шаҳри Хуҷанд сипас дар Душанбе ба ин шугл гоҳ-гоҳ даст мезанам.
-
Ҳайкалҳоро аз чӣ месозед?
-
Ай лой, аз гаҷ, солҳои охир аз чӯб ҳам метарошам.
-
Ҳайкалҳои сохтаатониро дидан мумкин аст? Тақдири онҳо чӣ гуна аст?
-
Дар Москва вақти хондан ҳайкали Темурлангро дуздиданд, ҳайкалҳои дигарро кадом музее бурдаанд. Дар Хуҷанд бисёртар сохта будам ва суратҳое, ки ҳозир нишон медиҳам ягона нишонаанд аз онҳо. Як қисмаш дар хонаи дӯстам Додоҷон Раҷаби монд. Вақте ҷои корро ҳал карданду Душанбе кӯчидам ин ҳайкалҳоро дар самолёт нагирифтанд. Як қисми онҳо дар боду борон вайрон шуда буданд. Дар паҳлӯи театри Пушкини Хуҷанд ҳайкали марди тоҷике истодааст — онро ман тайёр карда будам.
-
Адабиётшинос Аълохон Афсаҳзод дар мақолаи худ хеле барвақт чанд ҳайкалчаи тарошидаи Шуморо номбар карда буд. Боз кадом ҳайкалҳоро офарида будаед?
-
Жан Жак Руссо, Молиер, Сезар, Чингизхон, Саййидои Насафӣ, ҳайкали худам, як қатор ҳайкалчаҳои фалсафӣ...
-
Акаи Ҳошим баъди ду сол ба синни 60 медароед. Дар пушт меҳнати сангини ҷустуҷӯи эҷодӣ аз корҳои донишҷӯӣ то шоҳасарҳои ҷаҳонии Хлестакову Ҳамлету Эдип, ибтидои «Театри хирад». Чӣ кино, чӣ театр ва чӣ дар оинаи нилгун зери кадом нақш ё асаратон «рақами як» гузошта метавонед?
-
Ин савол ба оне шабоҳат дорад, ки аз модари серфарзанд аз ҳама бештар дӯст доштани кадом писар ё духтарашро мепурсанд... Барои ман ҳамаи асарҳоям фарзанди азизанд, ҳар кадомаш бо меҳнату машаққати зиёде рӯи саҳна омадаанд. Бо вуҷуди ин бояд як чизро зикр бикунам: Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Хайём дар рубоиҳояш, Ҳофиз дар воситан ғазалҳояш, Саъдӣ дар «Гулистон»-у «Бӯстон» маҳсули асосии эҷодии худро нишон доданд. Ман то ҳол он фарзандро «назоидаам». Ҳамаи асарҳои офаридаам зинда ёданд ба у. Умед ба «Спартак» аст. Лекин намедонам ба ин орзу мерасам ё не...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё