Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба гуфти таърих ин мамлакат аз ҳамон кишварҳои олам пеш рафта будааст. Ин мамлакат ба қаъри баҳр фуру рафтааст.

  • Ба фикри Шумо сабаб чӣ буд?

  • Эҳтимол одамон аз ҳад зиёд гуноҳ кардаанд. Ҳодисаи дигаре ҳаст дар бораи бинои Манораи Бобул (Вавилон). Гуӯё чандин миллатҳо ҷамъ шуда хостанд қасре бисозанд ва баландиаш то назди худованд бошад. Ва сохтмони қаср тамом нашуда ба шикастану фуру рехтан сар кард. Шояд онро месохтанд, вале нашуд. Чаро? Ман оиди ин ҳодиса тахмини худ, фалсафаи худро сохтам: то он вақте ки ҳамдигарро мефаҳмиданд, иззату ҳурмат мекарданд, кор пеш мерафт. Аз он вақт ки ҳамдигарро намефаҳмидагӣ шуданд ва беҳурматӣ оғоз ёфт, на қаср бунёд шуду на худашон монданд.

  • Дар бораи зинда кардани асарҳои Фирдавсӣ дар саҳна чӣ ақида доред?

  • Ба фикри ман, Фирдавсӣ бузургтарин драматурги ҷаҳон буд. «Шоҳнома»-ро пурра дар саҳна зинда кардан мумкин аст. Фақат имконият лозим. Идея дар ман ҳаст. Агар ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон маслиҳат кунанд ва ба хулоса биёянд, ин кори мешуданист.

  • Дар суҳбате гуфтед, ки Офтобро бисёр дӯст медоред? Идеяи дӯст доштани офтоб чӣ асосе дорад?

  • Аз рӯзе ки ба ин дунё чашм кушодам аввал Худоро дӯст медорам, баъд офтобро, падару модарро, ки маро офаридаанд.

Барои он офтобро дӯст медорам, ки ба кирму паррандаву хазандаву чарандаву одамони рӯи замин — ба ҳама баробар нуру гармӣ мебахшад ва ҳеч гоҳ кирмро аз одам, маймунро аз шер ҷудо намекунад. Ман ба ҳамаи инсонҳо таклиф мекунам, ки бо рафтору кирдори худ аз офтоб ибрат гирем.

Ҳошим Гадо... Ҳошим Гадо... Оё имрӯз заҳмати ӯро баҳои сазовор медиҳанд? Ӯ имрӯз бар ивази заҳмати 35 сола чӣ мегирад? Бале, 35 сол! Ва ҳар рӯзаш аз фалон то фалон соат не! Шабаш, рӯзаш ба ёди санъат, дар андешаи хиште болои хишт гузоштани фарҳанги миллат бебозгашт сипарӣ гашт. Ба андешаи худаш ӯ қурбонии санъат шудаги инсон аст! Вале муносибат ба ин фидокорию заҳмати ҳамешагӣ дар кадом поя меистод? Ҳошим Гадо чӣ мехоҳаду мутасаддиёни боло — аз роҳбарони театр сар карда то вазорати фарҳанг чӣ? Ҳошим Гадо талаби зиёде надорад: мехоҳад барои эҷод кардан шароит диҳанду меҳнаташро қадр кунанд. Мутасаддиён бошанд аз

пешина
аз 213
навбатӣ