Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

афташ ба ӯ ҳеҷ чиз намехоҳад. Замонҳои пеш — замони социализм репертуари театрҳои ҷумҳурӣ ҳар сол аз фоҷиаву мазҳакаи вазорат пур буд. Драманависон курсҳои мансабҳои гуногунро дар вазорат соҳиб шуда, мазҳакаву фоҷиа эҷод мекарданд: ҳам барои аҳли театр ва ҳам барои аҳли ҷомеа... Вале Ҳошим Гадо расо 22 соли бетанаффус такудав кард, то барои ба саҳна мондани «Эдип» иҷозат диҳанд.

«Эдип» қулраи баландтарини эҷодиёти на танҳо Ҳошим Гадо, балки санъати тоҷик, театрҳои миллии СССР ва миқёси ҷаҳон буд. Ин заҳмати Ҳошим Гадоро Москва, аҳли илму ҳунари ҷаҳон эътироф кард, вале баъди ин ҳам дар Ватанаш Тоҷикистон муносибат ба ӯ, ба эҷодиёти ӯ дигар нашуд. Қариб бист сол аст, ки Ҳошим Гадо орзуи рӯи саҳна овардани Спартакро дорад. Соли 1977 рассом Л. Островская — сокини Маҳачкала яке аз мухлисони санъати Ҳошим Гадо ба унвони ӯ чунин навишта буд: «Сурати Шуморо, ки дар сару либоси юнонӣ кашидам, бароятон мефиристам, зеро Шуморо дар нақши Спартак ҳамин хел дидан мехоҳам». Ва Ҳошим Гадоев то ба имрӯз такудав дорад.

Ҳангоми иҷрои нақшҳо Ҳошим Гадо дар бадани худ захмҳои бисёре бардоштааст ва имрӯз ҳар изи захмро дар ин ё он ҷои баданаш нишон дода ҳодисаҳои аҷибу даҳшатовареро қисса мекунад. Борҳо офаридани нақш ба зӯроварии ҳаётӣ табдил ёфтааст, борҳо худро аз ҷанголи марг раҳонидааст. Вале ҳангоми сӯҳбатҳо хеле чуқур ҳис кардам, ки дар ботини ӯ аз ин ҳам захмҳои ботинии садҳо бор бештар азоб медиҳанд, чеҳраашро тира месозанд, пӯсти рӯяш ба ҷабин кашида ва ҷинҳо бештар мешаванд, дар баданаш бетоқатиеро ҳис мекунад, аз он ҷо бархоста, ин сӯ-он сӯ қадам мепартояду ба азобе хаҷонашро фурӯ мебарад...

«Эдип»-ро мондам. Кирилл Лавров, дигарон гуфтанд, ки ин спектаклро дар Лондон, Афина, Америка нишон додан даркор. Касе дастгирӣ накард. Вақте ин спектаклро дар Москва нишон додем, «честь и слава таджикскому народу» гуфтанд. Ба Ҳошим Гадо не, ба халқи тоҷик. Магар ин бойгарии халқ, шарафи миллат нест? Аврупоиҳо баъди тамошои «Эдип» гуфтанд, ки мо бояд аз Тоҷикистон ибрат гирем. Вале ҳайҳот, дар мо ин гӯё ба ягон кас лозим нест.

Барҳо мисли Данко барои санъати тоҷик диламро кандаму исбот кардам. Чанд бор диламро каннам? Дилканӣ ҳам як бор

пешина
аз 213
навбатӣ