Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
- Шаб хоб меравам - «Спартак» субҳ мехезам - «Спартак» - ҳар лаҳзаи умри ман бо андешаи «Спартак» кам мешавад.
То афишаи ин намоишномаро омада сохтаам (аз сумкааш коғазҳои фарсудаеро мебарорад, ки худаш болояшон бо ҳарфҳои ҳархела «Спартак» навиштааст)... Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл...
Ин гуна гапҳоро фикр карда овоза паҳн мекунанд, то пеши роҳи спектаклро банданд. Бо «Эдип» ҳам айнан ҳамин хел муносибат намуданд: пеш аз баромаданаш ҳам, баъд аз баромаданаш ҳам. Аслан барои намоиши «Спартак» стадион мувофиқ аст. Вале аз сабаби аҳволи ҳаррӯзаамон онро ба шароиту имкониятҳо мувофиқ мекунем. Спектакл 30 қаҳрамони асосӣ дорад. Онҳо то 25 нафар кам кардан мумкин, 30 ё 40 нафар барои саҳнаҳои умумӣ даркор мешавад. Масалан дар саҳнаи ҷангҳои артиши Рим ва гладиаторҳо. Барои чунин нақшҳо театри мо ки актёр надорад, варзишгаронро аз берун мегирем, ҳамагӣ мешавад ё 60 ё 70 нафар...
-
Магар ин бисёр аст?
-
Театри дӯстии халқҳои Москваро мо бо «Эдип» ва гурҷиҳо бо операашон кушоданд. Дар иҷрои операи онҳо 560 кас иштирок дошт! Ва барои ҳамаи онҳо дар Москва ҷои хоб, пул ёфт шуд. Дар тоҷикҳо барои 35-40 нафар «савдо» меравад.
-
Акаи Хошим, «Эдип» гарчанде ба Шумо, ба фарҳанги тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ овард, вале аз мақолаҳои ҳамон давра ва гуфти одамон ҳувайдо буд, ки худи кормандони «идоракунӣ» фарҳанг ба ҳамаи ин бефарқ менигаранд... Умуман ҳамин бадбинию бахилӣ чихел сурат мегирифт?
-
Вақте «Эдип»-ро Маскав бурдем, аз пушти спектакл чанд нафари дигар аз кормандони вазорати маданият сар карда то режиссёрҳои театрҳои вилоятию шаҳрӣ барои «дастгирии» он рафтанд. Тасаввур кунед, ки то оғози намоиш ду соат мондааст: афиша нест, декорацияи намоиш дар вагон. Аз кисаи худам барои навиштани чор ҳарфи «Эдип» пул дода, афишаро назди театр часпондем. Он афишаро чун ёдгорӣ то ҳозир нигоҳ доштаам... Ҳайрият аз куҷое донишҷӯёни тоҷик пайдо шуда, дар даровардану ҷобаҷокунии декорация ёрдам карданд. Худам сару рӯ пур аз обу арақ декорация мекашонам. Духтари Хуршед Алидод донишҷӯ будааст, чеҳраи ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам — хуллас ҳамроҳи ҳамин духтарак зинаҳои спектаклро бурдем. Актёрҳо пас аз мо рафтанд. Одамони вазорат ҳамон вақте аз меҳмонхонаву ресторану

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё