Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
мешавад, ду бор мешавад... Шояд имруз бо оби дида, бод или хунгшор охирин бор кушиши фахмондан мекунам...
Барои «Эдип» 22 сол даводав кардам. Он вакт чавон будам, умр расид. 10 май 58 солагиро пур кардам. Аз «боло» шояд нафакабароии маро интизоранд. Ва метавонад хамин тарик проблемаи «Спартак» хал шавад.
Акаи Хошим, аз «боло» шояд сабаб пеш оранд, ки мардум нон мекобаду Хошим Гадо дар орзуи «Спартак»...
-
Хангоми муҳосираи Ленинград мардум дар кучаҳо нон гуфта чон медоданд. Вале Шостакович дар ҳамон шабу руз бо шиками гушна ва дастони хунукхурда бехтарин симфонияшро офарид.
-
Аз ин сухани манн наранҷед, фарз кардем на театри Лохути ва на вазорати фарханг барои гузоштани спектакл марок зохир накарданд. Шумо чи хохед кард?
-
Ин гуна муносибат руирост поймол, тахкир кардани хунарманд аст. Чанде кабЛ актёри театри руси Строков худкуши карда буд. Яъне эҷodкорон ба муносибати дагалу хунук ва бепарвоёнаи рохбарон дучор омада азоби рухи мекашанд...ва аксар вакт ягон рохбари санъат додраси онҳо намешавад ва намедони додатро ба ки гуи.
Агар «Спартак» ба Тоҷикистон лозим набошад, манн метавонам аз ду рох якеро интихоб бикунам: яке давом додани кори эчоди дар хорича - Россия ва дуюми тамоман санъатро тарк кардан...
-
Тан чандин сол масъала хал нашуд. Ҳозир бовари доред, ки «бахт ба руятон хандад?» Умед хаст, ки мо «Спартак»-ро бубинем?
-
Ба ҷон расидам, як фоизи вакттат барои эчоди асар сарф шавад наваду нух фоизи дигараш дар ташвиши он ба бод меравад...
Ба кариби Президенти Точикистон Эмомали Шарифович Рахмонов бо зиёиёни эчодкор мулокот дошт. Мутаассифона манн дар он ширкат надоштам. Эмомали Шарифович Рахмонов хини суханрони зикр карда будааст, ки «Спартак»-ро дастгири кунед то ба сахна барояд. Ҳамин чизро аз дигарон шунидаму дар кунҷи дилам шуълаи умед барк зад...
Дирӯз як нафар бо ман гуфт, ки «Спартак»-ро барои он ба саҳна намемонанд, ки маблағи зиёде сарф мешавад, якуним ҳазор одам дар намоиш нақш иҷро мекунад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё