Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
нагузоштед. Имкон доштед, ки ба хориҷа шартнома баста фаъолиятатонро идома додан гиред. Дар филми «Набарди се шоҳ» ҳис кардам, ки нақши ҷиддиро ба Шумо бовар кардаанд.
-
Голливуд се бор даъват кард, вале телеграммаҳоро надоданд. Чорум бор аз Испания таклиф карда буданд — телеграмма омадагӣ — надоданд. Аз Москва борҳо телеграмма омадагӣ — онҳоро вақте медоданд, ки алакай банаворгирии филм тамом шудааст. Дар мо муносибат ба эҷодкор ҳамин хел аст. Чӣ мегӯед...
-
«Спартак» ба кадом асари дигаратон шабоҳат хоҳад дошт?
-
Фақат ҳамин қадар мегӯям, ки «Спартак» спектакли одӣ нест. Дар нақши ман онро бисёрсериягӣ кардан мумкин. Ва агар маъқул ояд метавон дар асоси он кино сабт кард.
-
Барои наслҳои оянда олимон, шоиру нависандагон китоб, рассомон расмҳои офаридаашонро мерос мегузоранд. Актёр ҳар бори ба саҳна баромадан тамоми ҳастиашро дар нақш ҷо мекунад. Вале ин лаҳзаҳо мутаассифона дер давом намекунанд. Агар актёр аз театр барояд оҳиста-оҳиста аз хотирҳо фаромӯш мешавад. Ягона роҳи то андозае нигоҳ доштани фаъолияти эҷодии актёр ба навор гирифтани асарҳои офаридаи ӯ дар саҳна аст. Наслҳои оянда Ҳошим Гадоро дар нақшҳои Фердинанд, Ҳамлет, Хлестаков, «Эдип» дида метавонанд?
-
Фердинандро на телевизион ва на радиои тоҷик сабт накардаанд. Ҳамлетро ҳам пурра сабт накарда буданд. Ҳамлетро, ки дар байни форсизабонони олам аввалин бор ман офаридаам! Баъзе порчаҳои он дар фонди телевизион буд. Ба қарибӣ пурсидам, ки ҳастанд ё не, гуфтанд, ки ягон навор намондааст. Дар шаҳри Ленинград спектаклҳои «Рустам ва Суҳроб»-и Г. Абдулло ва «Муфаттиш»-и Гоголро намоиш дода будем, ки ман нақшҳои Суҳроб ва Хлестаковро меофаридам. Спектаклҳо ба ленинградҳо маъқул шудаанд, онҳоро ба лентаи навор сабт карда ба мо тақдим карданд. Мо плёнкаҳоро ба Тоҷикистон оварда ба телевизион супоридем. Ба қарибӣ пурсидам, ки он наворҳо ҳастанд, гуфтанд, ки онҳоро кайҳо нобуд кардаанд. Магар ин хиёнат ба санъати тоҷик, ба наслҳои оянда нест? Мо барои таърих, барои наслҳои оянда аз худ чӣ меросе мегузорем?
Давлат НАЗРИ
«Ҷавонони Тоҷикистон»,
7 июли 1995

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё