Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Одамоне ҳастанд, ки бисёр механданд ва чунин менамоянд, ки хушбахтанд. Гурӯҳи дигар бархе бисёр мегирянд ва бадбахт ба назар мерасанд. Ин ақида ба андешаи ман ғалатанд. Барои дарки ин бояд биандешам.

Одами беҳиради осмонӣ буда, ҳамеша ҳамсӯҳбат мекобад. Одамони боҳирад танҳоиву одамгурезиро пешаи худ кардаанд.

Баъзан садро рӯи сад монем ҳам он орзуи бандагӣ дусад намешавад.

Оҳҳ, хммм. Ҳайвонизм, ҳайвонизм, боз ҳайвонизм! Шояд то абад ин ҳайвонизм боқӣ бимонад?

Ҳаргиз рӯҳафтода машав аз ғамҳои дунё, ки ҳамааш беҳуда аст, беҳуда.

Андешидан ва ба хулосае омадан, ки қисмат нисбати одамон бераҳм аст. Инсон назди марг, вақт оҷизанд. Чӣ шод ин аст қисмати одамӣ, ки ба ин дунёи бемаънӣ меоянд ва боди субҳонае барин ба водии хомӯшон нопадид мешаванд.

Агар туфе кардем, набояд ба сӯи он туф бори дигар нигарем.

Инсон бояд ҳатман ирода дошта бошад одами беирода ҳамеша мағлуб мешавад.

Барои инсони ақлбохта дигар инсон ва тамоми мавҷудоти дигари дунё бароиш вуҷуд надорад. Ин сиррест, ки аз ҷониби табиат барои офаридааш пешбинӣ шудааст.

Саре, ки каме андеша дорад, пур аз ғам аст. Сари беғаме дар олам нест гӯям хато намекунам.

Сарват мисли оби баҳри шӯр аст, ки чӣ қадар аз об бинушӣ ҳамон қадар ташна мемонӣ.

Шӯҳрат бемориест, ки чӣ қадар насибат шавад ҳамон қадар камӣ мекунад. Пас... Инсоният шояд аз ду чиз яке сарват ва дуюм шӯҳрат серӣ надошта бошад.

пешина
аз 213
навбатӣ