Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ин хоҳишҳо шояд инсониятро то ба қабр барад ва дар водии хомӯшон ором гардонад. Шояд инҳо некӣ аз марг орзу кунанд, ки ин дуро ҳамроҳашон ба қабр гузоранд. Лек ачал ба хоҳиш нигоҳ накарда онҳоро дав-давон ба гӯр мебарад. Инро ачал аз мо мепурсад. Кай фаро мерасад. Рӯзе, ки ман бо сари баланд гӯям, ки рӯзи ман аст! Худоё, ба ман насиб гардон он рӯзро. Омин!
Хук ба буз, мургобӣ ва мург одоб омӯзониданӣ шуд. Бузу мургу мургобӣ бо завқ хандиданд. Мург аз ханда қариб буд, ки дилаш кафад. Буз каме тавофуқ карда: - Акам аввал худ одобро ёд гиред баъд ба мо омӯзед.
Шояд хислатҳои инсонӣ дигар шаванд, аммо баъзе хислатҳо ба гумон аст инсонро дарк намояд. Бахилӣ, ғайбат, озори якдигар мумкин инсонро то дами маргаш накунад.
Ҳар инсон мехоҳад, ки дигарон ҳурматаш намоянд, лек боре намеандешад, ки ба ҳурмати дигарон арзанда аст. Шояд заррае наарзад ё баръакс. Атрофи ин андеша баҳс кардан лозим аст.
Ту мегӯӣ, ки сабр, сабр, сабр бикун. Ин панди хуб аст, лек сабр ҳам меъёр дорад. Умри инсон як бор дода мешавад.
Ҳарчӣ гуфтаму андешидам ҳама аз гуфтан дили худ буд. Ту қабул мекунӣ ё ихтиёр ба худи туст.
Ман ҳам дар қатори дигарон гуфта гузаштам. Ин маъние дошт ё на худ намедонам.
Ба дарён обҳои лойгашта ҳазорҳо сатил оби тоза резем ҳам соф намешавад — гуфт Акбари Саттор.
Чӣ бояд кард?
То вақте ин нафас гуфт ронда дон барои одамон бояд харид. Зиндагӣ пур аз номардиҳо бошад ҳам барои мард будан хуби кардан меарзад.
Аз шахсе пурсидам, ки дӯст вуҷуд дорад?
— Бале ҳаст дӯсте, ки аз акаву додарат беҳтаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё