Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
- Дар қисмати охири ҳаётам ба хулоса омадам, ки бояд дигаронро гӯш кард, ки чӣ андешае доранд.
Нияти онҳоро барои худ кушодӣ ҳатман бояд аз он бояд амал кард.
- Гаҳе биншин ва ба худ камғапиро биомӯзон
Камтарин набиғаҳо мондаанд, ки ҳамасрон кӯшиш накарда бошанд, ки ҳалолашон мерасонда бошанд. Ин аст паҳлӯи дигари муносибати одамон.
Бадтарин зарба ба душман ин фаромӯш кардани душман аст.
Дар ин дунёву он дунё ҳам хурсандӣ ҳаст ва ҳам ғам, гоҳе гӯё дар нолаи гамем гоҳи дигар хурсандӣ. Қисмат моро гоҳе аз худ напурсида ба нолаҳо мепартояд. Таваккал ба Худо. Аз дасти бандаҳои гумроҳ чӣ ҳам меояд?
Рӯбоҳ бо маккорӣ луқмаашро пайдо мекунад, зеро ин яроқи ӯст.
Гӯсфанд аз сархамӣ ба деги шӯрбо меравад. Ин аст, қисмати сархамии ӯ.
Саршавии зиндагӣ мазхона аст ва бо мазхона анҷом меёбад.
Хирадмандони миллат маслиҳат додаанд, ки кӯшиш намо то умрат бо хона анҷом наёбад. Маслиҳат додан осон аст, аммо қисмат аз мо маслиҳате намепурсад. Қисмату вақт касеро напурсида моро галбери осиёбаш мегузаронад.
Ба дӯстӣ ва душмании адабиёт ҳаргиз умед мабанд. Дӯстӣ ё душмании онҳоро бо забон не бо дил тасдиқ намо.
Кори хешро ба касе нишон мадеҳ.
Корро, ки анҷом додӣ бигзор одамон аз корат лаззат баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё