Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Аз омаданат ғам махӯр, зеро ба зӯдӣ ба нестӣ меравӣ.
Гадое пайса ҳисоб мекард ва сабабашро пурсидем, ки ҷавоби хубе дод.
Равшанӣ хост ба бародараш кӯмак намояд, аммо торикӣ ин кӯмакро рад намуд.
Ноомадӣ қорат омад хонаи ҳайвонҳои хонагӣ ва ваҳшӣ таркат мекунанд.
Ҳасудан асосан лабони борик ва чашмони танг доранд. Ин андешаи ман аст ва шояд хато кунам.
Чун асабат вайрон шуд, ба лаби дарё бирав, ки беҳтарин дӯсти асаборомкуне чун дарё нахоҳӣ ёфт, навозишҳои модаронае дорад рӯди зудгузар.
Барои башарият хурсандӣ дар ҷойи аввал меистад, ё ғаму андӯҳ? Ба ин ду суол ва ақида чӣ дар ҷойи аввал меистад? Яке ба ин суолҳо хурсандиро дар ҷойи аввал дид. Ман ақидаи ӯро рад карда дар ҷойи аввал ғаму андӯҳро гузоштам. Тасаввур намоед, ки ҳайвоне ҳайвони дигарро гӯлуяшро медорад. Ҷон дар бадани ҳайвон даррандаи дигар нисфи бадани ӯро мехӯрад пас дар ҷойи аввал чӣ меистад? Ғам ё андӯҳ ё хурсандӣ ҷойи аввалро соҳиб мешавад.
Ғам агар танҳоро аз пой афтонад, касе ӯро наҷот дода наметавонад.
Касе, ки иродаи оҳанин ва сабру тоқат дорад, ба муродаш мерасад.
Маслиҳате дорам ба наберагон 1) Гӯш карданро омӯзед 2) Шуниданро омӯзед 3) Хулосабарор бошед 4) Рақиб вақте дод мегӯяд, хомӯширо пеша кун бурд мекунӣ. Фаромӯш макун, ки душман бод од гуфтан ҳаргиз дӯст намешавад. Море рӯзе соҳибашро мегазад.
5) Ҷое кару фар бошад ҳатман нопокӣ мешавад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё