Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Бе ҳамсар будан пирии пуразоб аст.
Барои он ки танҳо намонӣ бояд назди зан ба зону бизанӣ. Дуқад не се қад чор қад шавӣ.
Паррандаҳо хушток мекашанд, одамон суруд мехонанд. Ҳар кадоме усули сароидани худро дорад. Кӣ хубтар мехонад, танҳо ӯ медонад. Дарди дили ёри гумкарда месароянд ё васфи ёр.
«Бародарии баробарӣ» гуфтаанд, ки худ ҳайрон мемонам. Ин суханон далели воқеӣ доранд? Эй одамон боре фикр намоед, ки мантиқ куҷост?
Яке аз сарчашмаҳои низоҳои миёни одамон ин ба ҳамдигар муросо ва тақсим карда натавонистани чизе мебошад. Яке бо обилаи кофи панҷаҳо ризқ меёбад ва дигаре бе ягон заҳмат онро соҳиб шудан мехоҳад. Дар ҳама асрҳо дурӯғӣ, фиребгарӣ буд ва мемонад. Ин усул то асрҳои дигар давом мекунад. Ин ҳамаро на Буддо на Исо ва на Ҳазрати Муҳаммад (с) то ба охир нест карда натавонистанд. Ин хизматҳои бад шояд то абад бимонад. Ба ин суол ҷавоби аниқ дода наметавонам.
Занҷирро ба гул печонидаанд. Гул норизо буд, аммо одам дар ин бора боре напурсид.
Дар деги зиндагӣ рӯзе хоҳем ҷӯшид.
Осиёби обӣ аз фишори об давр мезанад ва чун об тамом шуд ором мешавад.
Зиндагӣ боло, поён ва мобайн дорад. Болобудагон аз қаърбудагон хабаре надоранд. Зиндагӣ бо торҳои анкабути худ чунон мепечонад, ки аз ҳазор ба як муяссар мешавад то аз он бираҳад.
Ғам одамонро боақлтар мекунад. Ғамҳо гуногун мешаванд.
- Ғамҳои хурд 2. Ғамҳои гузаронда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё