Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
- Ғамҳои бузург.
- Ғамҳои то ба гӯр баранда
Ба ғамдорон маслиҳат медиҳам, ки худро ба коре андармон бикунанд, то каме ҳам бошад ғам фаромӯш шавад.
Ба тарсуён маслиҳат медиҳам, ки худро бо он ором намоянд, ки Худо доранд. Иншоаллоҳ ягон давр Худо бандаҳояшро намепартояд.
Аксарият кӯшиш дорад, ки маблағе пайдо кунанд, ҳам касонеро вохӯрдан мумкин аст, ки сӯи дониш ва китоб ҳаракат намоянд.
Ҷои гап таъсир надорад, таъсири пул мерасад.
Дар ҳама асрҳо пул қудрат дошт ва ояндаҳо боз қудратмандтар мешавад.
Агар хук медонист, ки бетамизтарин ҳайвон аст худкушӣ мекард.
Зери ин ҳазл маъние аст, ки худ биёб.
Одамоне пайдо мешаванд, ки ҳазор гуноҳашонро бубахшӣ, некхоҳашон бошӣ, боз ғайбату рақобат мекунанд. Бо ин тоифа чӣ гуна рафтор бояд намуд?
Аз ҳамсарони ба қадрат нарасида маранҷ, зеро онҳо дар хоби гаронанд.
Намедонам, ки ба кӣ гӯш диҳам. Панду насиҳати гузаштагон дигар буд, ҳозир бошад тамоман пандҳои дигар аст. Гӯё бозор аст, ки ҳар кадом панди худро таъриф мекунад.
Мирандаеро хоҳиш намуданд, ки сухани охиринашро бигӯяд.
- Охир хоҳишам ҳамин, ки аз наздам дур равед, то дигар набинаматон.
Ҳиссиёти одамӣ бо мурури вақт кунд мешудааст, гоҳ-гоҳе онро машқ бояд дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё