Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ҳиссиёт гуногун мешавад. Яке ҳиссиёти ҳақиқӣ дарду дигаре саҳда. Ана ёбу бигир.
Паррандае ҳар рӯз ба гулҳо нигариста ба фикр мерафт. Паррандаи дигаре ба гӯши дигарӣ пичиррос зада гуфт:
- Ин паррандаи хешамон шоир шудааст.
- Чаро ин тавр мегӯӣ? Шояд мариз аст?
- Ё шояд ошиқ шудааст? Ба гулҳо одатан ошиқон менигаранд.
Ҳарду ба парранда наздик омада суол карданд. Парранда ба суолашон каме хомӯш истода ҷавоб гардонд. - Раҳмам ба он гулҳо меояд. Ҳамин зебогиашон сабаб гаштааст, ки онҳоро канда мехӯред.
Мурдаҳоро зинда карданд.
Зиндаҳоро фаромӯш карданд.
Мурдаҳоро аз таъриф ба осмони ҳафтум бардоштанд.
Зиндаҳоро куштанд.
Ин чӣ аср ва ҳамдигарфаҳмист?
Агар дурусттар ба таърих бингарид, аксари низоҳои ҷаҳонро сабаб ҳиллаву найранги занон аст.
Мегӯянд, ки фил боаклтарин ҳайвон аст.
Ҳамаро манъ кардан мумкин ба ғайр аз вақт ва фикр.
Чун ҳаворо бегубор дидӣ бепарво мабош, зеро ҳаво ҳам гоҳе дурӯғ мегӯяд.
Аз ҳамсӯҳбати бемаънӣ нос беҳтар аст.
Аз ҳамсӯҳбате, ки баҳраи маънавие намегирӣ, фарсохҳо дур бирав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё