Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Қадриддин Ғиёсов иштирокчии семинарро ба хоҷагиҳои ноҳия роҳбаладӣ карда дар бораи маданияти зироаткорӣ ба онҳо нақл менамуд. Меҳнати бештар аз чил солаи Қадриддин Ғиёсов дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ сазовори орденҳои «Нишони фахрӣ», «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Дӯстӣ», медаЛҲОИ «Барои меҳнати шоён», ба муносибати 20-солагии ғалаба бар Германияи фашистӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва унвони фахрии «Корманди Шоистии Тоҷикистон» дониста шудааст. Қадриддин Ғиёсов ҳамчун намояндаи халқ ва раиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оид ба сиёсати аграрии хӯрока ва шуғли аҳолӣ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардида буд ва барои сулҳу осоиш ва ҳамдигарфаҳмии мардум дар мамлакат заминаи асосӣ гузошта буд, мебошад.
Вай барои амалӣ гардонидани сиёсати сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Тоҷикистон сулҳ овардан буд, борҳо дар ҳайати комиссияи оштии миллӣ ба Водии Қаротегин: ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Тавилдараю Чиргатол сафар кардааст. Қадриддин Ғиёсов чор соле, ки дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард, барои сарҷамъии бештар аз як миллион гурезаҳои тоҷик дар ватани аҷдодиашон ҷаҳду талоши зиёде ба ҳарҷ додааст. Ӯ дорои хислатҳои наҷиби инсонӣ мебошад. Қадриддин Забирович бо ҳамин хислатҳои ҳамидааш ҳам дар байни мардуми вилоятҳои Суғду Бадахшон, Хатлону водии Зарафшон, дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ соҳиби иззату эҳтиром ва маҳбубияти умум мебошад. Вай яке аз ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Мегӯянд, ки дуои неки падару модарро гирӣ, ҳамеша қорат бобарору сербаракат мешавад. Дуои Ғиёсака мустаҷоб шуд ва писараш Қадриддин номбардори падар гардид!
ҲИДОЯТИ МОДАР
Айёми таҳсилаш орзу дошт ҳуқуқшинос шавад. Аз дарсҳо баҳоҳои хубу аъло мегирифт. Лекин аз китобҳои дарсӣ бештар Сарқонуни Тоҷикистон (Конститутсия)-ро ҳамроҳаш мегардонд, ҳар як бобу банди онро гаштаю баргашта мутолиа мекард. Ҷойҳои заруриашро ба дафтарчааш навишта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё