Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай Анварро хонадор кард ва орзу дошт, ки фарзанди ӯро бубинад, афсӯс. Баъди ҳафт моҳи марги ӯ набераи дуюми ӯ Комрон ба дунё омад. Ҳай дарего! Бобояш Мунавваршо орзу дошт, ки ӯро аз таваллудхона бо гулу гулдастаҳо истиқбол бигирад. Вале сад афсӯс, мегӯянд, ки ман дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл!

(Хона, набераҳо ҳини бозӣ)

Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузаранд. Насибаю Комрон ва дигар наберагонаш калон мешаванд, онҳо расми бобои шаҳидгаштаашонро гирифта «Ин бобоҷони мост» гуфта ӯро ёдоварию мекунанд.

(Расми Мунавваршо бо гулдон)

Имрӯз Мунавваршо Назриев мавлуд дорад. Вай агар зинда мебуд, ба 57 солагӣ қадам мениҳод. Сад дарего соли дуюм аст, ки аҳли оилааш, бародаронаш, хешу табор, ёрӯ дӯстонаш ӯро дар рӯзи таваллудаш бо гулу гулдастаҳо табрик карда наметавонанд. Суруду мусиқӣ ҳам намешунаванд, танҳо бо ҳазору як ҳасрат, бо ашки сӯзон ӯро ёд мекунанд. Мунавваршо Назриев дар Ленинободу Хатлон, дар Бадахшону Зарафшон, Қаротегину Ҳисори Шодмон дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистон ва берун аз он ёрӯ дӯстони бисёре дошт, онҳоро дӯст медошт.

(Писараш аз даҳлез баромада сӯи кӯча равон мешавад)

Дӯстон, биёед, дар рӯзи мавлудаш 21 декабр лаҳзае Мунавваршоро ба ёд оварем! Чунки ӯ марди дарёдилу инсондӯст буд, барои сулҳу салоҳ, оромию осоиштагии Ватан, ваҳдату ягонагии миллати тоҷик, барои бахту саодати фарзандони мову шумо шаҳид шуд. Ӯро ёд мекунем, рӯҳаш шоду ҷояш ҷаннат бошад!

Соли 1995

РӮҲШИНОС
Сенарияи филми ҳуҷҷатии телевизионӣ доир ба ҳаёт ва фаъолияти олими барҷаста — профессор Минҳоҷ Ғуломов

Минҳоҷ Ғуломов. Доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ходими Шоистаи Илми тибби Тоҷикистон, Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Аъзои созмони эксперти

пешина
аз 173
навбатӣ