Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

байналмилалии тандурустӣ оид ба масъалаҳои майзадагӣ ва нашъамандӣ, проректор доир ба масъалаҳои илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Инсон...! Муқаддастарин мавҷудоти табиат аст! Таърихи бештар аз ҳазорсолаи мо бо номҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Саъдӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва боз даҳҳо нафар амсоли онҳо чун поягузорони илму адаб ва фарҳанги мо зич вобаста мебошад.

Волотарин дуои пирони рӯзгордида чунин аст: «Худо ба Шумо ақлу тамиз диҳад». Ақлу тамиз – ин беҳтарин неъматест баҳри инсон.

Мо бисёр табибонеро медонем, ки тани инсонро шифо мебахшанд, вале каманд онҳое, ки ба табобати ақлу тамизи инсон сару кор дошта, дар ин ҷода комёб шуда бошанд. Аммо профессор Минҳоҷ Ғуломовро чун табиби ҳозиқ, рӯҳшиноси инсон на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он дар мамолики ҷаҳон Ҳинду Чин, Амрико, Канада, Франция, Италия ва дигар давлатҳо хуб мешиносанд.

Мутаассифона, мо баъзан дар зиндагӣ аз панду ҳиқматҳои аҷдодони хеш чашм пӯшида, ба қадру қимати якдигар намерасем, ба ному шарафи инсонӣ доғи сиёҳ мегузорем.

Алалхусус дар вазъи кунунӣ, ки зиндагӣ ба гирдоби пуртуғёни бӯҳрони иқтисодию фарҳангӣ ғӯтидааст... Ин тангдастии рӯзгор ба саломатӣ ва рӯҳи болидаи инсон бетаъсир намемонад.

Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки ҳамдигарро эҳтиёт кунем, нисбати якдигар дилсӯзу меҳрубон бошем, дасти ҳам бигирем, ки рӯҳи солими касе коҳиш наёбад!

Мояи ифтихор аст, ки дар байни мо ашхосе низ ҳастанд, ки тамоми тавоноии дили бузурги худро сарфи болидагии рӯҳи инсон кардаанд.

Мухбир бо як гурӯҳ донишҷӯёни курсҳои охирини Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо чунин савол муроҷиат мекунад:

Мухбир синхрон: Шумо дар бораи профессор Минҳоҷ Ғуломов чӣ гуфта метавонед?!

пешина
аз 173
навбатӣ