Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
- Ҳозир ҳисоб мекунем, - гуфту қоғазу қаламро гирифта шумурд.
- Ҳеҷ гап не, сеюним ҳазор.
Баробари шунидани ин маблағ чашмонам сиёҳӣ заданд. - Не, ман зан намегирам! - гуфтам якбора. Амакам хандиду гуфт:
- Эй, бача, шукр кун, ки ин ҷо шаҳр асту қорат муфт буд мешавад, агар дар қишлоқ мебудӣ, ба андак-мундак даҳонатро кушода наметавонистӣ, фақат қалинашро як ҳазор мегуфтанд.
Не нагӯй, ки духтар аз даст меравад. Ҳоло аз ягон ҷо қарз гир, оҳиста-оҳиста гардонда медиҳӣ. Қарзро медиҳӣ - зан ба фоида мемонад.
Ҳамин тавр, худи ин «тақдирҷунбонҳоям» корро лой карданд. Дар вақти маслиҳат ба ҷои он ки моҳияти масъаларо ба духтардор фаҳмонанд, баръакс, ҳарчӣ ки падару модари духтар гуфтанд, ду даст пеши бар хуш гуфта сар фуроварданд.
Ишқ ишқ аст! Онро бо тарозуи шаҳру қишлоқ чен кардан намешавад. Ба ишқи поки инсонӣ, ки дар ҷавонӣ бори аввал рӯ мезанад ва пур аз ҳарорату умеду орзуи оянда аст, набояд ба тарозуи падару модар, бо пулу мол ва чизу чора чен карда баҳо дода шавад.
Ночор розӣ шудам. Инак, рӯзи тӯй, рӯзе, ки ду дили беқарор онро интизор буданд, фаро расид.
Дар ҳавлии духтардор се рӯз тӯй дода шуд. Чанде аз хешу табор ва «одамшавандаҳо»-и маҳалла аз «давлати духтардор»
сарупо пӯшиданд, ҳама гӯё бо табассумашон мегуфтанд: «қанд занед, акаи фалонӣ дар ҳақиқат духтар баровардед».
Харҷ агар аз кисаи домод бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад, - мегуфтам. Ӯ магар медонист, ки ин «Ҳотамӣ»-аш ба фарзандаш сарпастӣ меоварад. Магар медонист, ки дар хонаи фарзанди ӯ қарз ҳукмфармоӣ мекунад ва агар пагоҳ худаш, ё ягон хешу табораш ба даргоҳи ин навхонаҳо меҳмон оянду бизоате ёфт нашавад, кӣ ҳиҷолат мекашад?
Як рӯзи душвореро фаромӯш карда наметавонам. Баъд аз тӯй мо хонаи як касро иҷора гирифтем. Рӯзе модари ман бо модари занам ба хонаамон меҳмон шуда омаданд. Чеҳраҳои пуртабассуми онҳо дилҳои ҳардуи моро лабрези шодӣ карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё