Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАРМОНБАХШИ ҶОНУ ҶИГАР

Қабулгоҳи ӯ аз пагоҳ то бегоҳ пур аз одам аст. Яке натиҷаҳои ташхиси духтуронро ба вай нишон дода, маслиҳат мегирад, дигаре ҳуҷҷатеро барои имзомонӣ овардааст, савумӣ аз ноҳияи дурдасте омада мегӯяд, ки духтурҳо касалашро дуруст муайян накарда назди ӯ фиристондаанд. Билохир ҳар кадом бо умеду ихлосе ба назди Ғиёсиддин Мироҷов омадааст, ки дарди дилашро ин табиби ҳозиқ бигӯяду аз ӯ барои шифо ёфтани дардаш маслиҳату дастур бигирад.

Ҳар соату ҳар дақиқаи вақти ин табиби донишманд ба ҳисоб аст, вале Ғиёсиддин Мироҷов ҳаргиз вожаю ибораҳои «Ман бандам», «Вақт надорам», «Имрӯз намешавад, пагоҳ биё»...-ро ба забон намеорад.

Ҳимояи дисертатсияҳо, семинару ҷамъомадҳоро намегӯед. Ба ҳамаи ин Ғиёсиддин Мироҷов вақт меёбад ва дар онҳо фаъолона иштирок ва баромадҳо мекунад.

Дар утоқи кории Ғиёсиддин Қутбиддинович барои суҳбати ҳардуямон фурсате фарохам омад ва ман хостам, ки лаҳзае ӯро ба зодгоҳаш - деҳаи Ярхаби Калони деҳ-шӯрои Ҳичбораки собиқ ноҳияи Гарм (Рашт) баргардонам ва ба қавли бузурге:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем -

  • ро бори дигар пеши назар биёрем.

Кӯҳу пушта, хониши кабкони дарӣ, обҳои мусаффои чашмасорон, себу нок, муруду шафтолуҳои болаззати зодгоҳашро ба хотир оварду бо як эҳсоси аҷоибе гуфт, - афсӯс, ки он лаҳзаҳоро чун варақҳои бомурури замон зардшудаи китоби таърих саҳифагардонӣ мекунем! Мо давраҳои бачагию ҷавониро фақат пеши назар оварда метавонему халос. Лекин онҳо такрорнашавандаанд.

Падарам раиси колхоз буд, - мегӯяд Ғиёсиддин Мироҷов. Роҳбари сахтгир, ҷиддӣ, поктинат, ростқавл, ғамхор, сагирапарвар, ростгӯ, дузду ҳаромхӯрро чашми дидан надоштанд. Модарам аёли дардманд буданд. Ман бисёр мехостам, ки ҳарчӣ тезтар калон шаваму хонда духтур шавам.

пешина
аз 173
навбатӣ