Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯро табобат кунам, чунки дар оила ва авлоди мо ягон духтур набуд. Ман доимо ба ӯ мегуфтам:

  • Оҷаҷон, ман ҳатман ба Институти тиббӣ дохил шуда мехонам, духтур мешавам ва Шуморо табобат мекунам. Ҳайҳот, ман дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл. Дар сини 12-солагиам аҷал ба дили модарам панҷа зад, ӯ бо олами ҳастӣ, бо фарзандон, хешу табор падруд гуфт. Лекин ман қавле, ки ба модарам дода будам, дигар накардам. Хондам, духтур шудам ва ҳар гоҳе, ки зани бемореро наздам оранд, симои дардмандии модарам пеши назарам меояд ва дил мехоҳад, ки тамоми имкониятҳоро истифода барам, ки зани бемор шифо ёфта, бо табассум назди фарзандонаш биравад...

Хонаи мо доимо серодам буд. Ман фарзанди охирин - кенҷаи падару модар будам. Росташро гӯям, дар давраи раисии падарам ягон маротиба шикамсерӣ нон нахӯрда будам, чунки солҳои баъди ҷанг мамлакат ҳанӯз чандон қоматашро рост накарда буд. Заводу фабрикаҳо, колхозу совхозҳо ҳанӯз ба иқтидори пурраашон ба кор надаромада буданд. Мардум аз хурду хӯрок ва сару либос танқистӣ мекашид. Дар танам як куртаю эзори гумбазӣ доштам. Амакам Ҷамолиддин маро бештар нигоҳубин мекард. Баъзан давраҳои бачагиро ба хотир оварда, гоҳ механдаму гоҳе худ ба худ хиҷолат мекашам. Амакам як рӯз маро ба наздаш хонду гуфт: Ғиёсиддин, ман имзои падаратро гузошта метавонам. Биё, ман ба номи мудири ферма як мактубча навишта, ба он имзои падарро мегузорам, ту онро бурда ба мудири ферма медиҳӣ, ҳар рӯз як косаи қаймоқ оварда, ҳардуямон мехӯрем. Ман розӣ шудаму ҳамон корро кардем. Як моҳ нону қаймоқ хӯрдем.

Охири моҳ шуд. Мудири ферма ба раис ҳисобот пешниҳод кард ва падарам дид, ки бо «имзо» - и ӯ мо як моҳ яккосагӣ қаймоқ оварда хӯрдаем.

Падарам баробари қоғазҳои қаймоқхӯрии моро дидан ҷаҳлаш омада, «ман ба ягонтои ин қоғазҳо имзо накардаам, ин кори кӣ?!» - гуфта пурсид.
Ва афзуд: Ин корро ту кардӣ? – дӯғ зад ба сари ман ки дар даҳлез рост истода, чизе намегуфтам.

  • Ман туро пурсида истодаам! – овозашро боз баландтар кард падарам. Ман сарамро боло набардошта; «Ин корро ман накардаам» - ҷавоб додам ба ӯ.
пешина
аз 173
навбатӣ