Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан
  • Пас ин кори амакат - Ҷамол аст, гуфт падарам ва фармуд, ки ӯро кофта ба наздораш биёранд.

Ҷамолиддинро ёфта оварданд. Ӯ гуноҳи кардагиашро ба гардан гирифт ва баъд падарам ба мудири ферма супориш дод, ки пули қаймоки хӯрдагии ҳардуямонро ҳисоб карда маблағашро аз ҳисоби моҳонаи падарам гирад. Баъди хатми мактаби ибтидоии деҳаамон ба интернати ноҳия хондан рафтам.

...Дар интернат аз ноҳияҳои Қалъаи Хумбу Тоҷикобод, Тавилдараю Чиргатол ва Мастчоҳ ҷавонон барои таҳсил омада буданд. Ҳамаи онҳо ба Ғиёсиддин Мироҷов таваҷҷӯҳи хоса доштанд, чунки ӯ аз ҳамаи фанҳо аъло мехонд. Як рӯз муаллими фанни физикаю математика Қурбон Шарифов ба синф даромаду эълон кард, ки аз пагоҳ дарси физикаро бароитон дигар муаллим мегузарад. Ман барои шумо фақат дарси математика мегузарам. Азбаски Қурбон Шарифов дониши хуб дошт, нағз дарс медод, ҳамаи талабаҳо ӯро дӯст медоштанд, бинобар ин аз шунидани эълони ӯ талабаҳо изҳори норозигӣ карданд. Рӯзи дигар муаллими нав ба синф даромада, дарсро аз физика оғоз намуд. Ҳамин лаҳза Исмат Шифоев ном талаба даст боло карда ба муаллими нав чунин савол дод: Муаллим, марҳамат карда бигӯед, ки А. Попов дар асоси чӣ радиоро ихтиро кард?!

Муаллими нав, ки ин саволро чашмдор набудааст, ин тарафу он тараф тоб хӯрда, ба саволи талаба ҷавоб дода натавонист. Баъд боз худи Шифоев аз ҷой хеста, ба ӯ гуфт:

  • Муаллими мӯҳтарам, ман як талабае ҳастам, ки бо баҳои миёна мехонам, Шумо ки ба саволи ман ҷавоб дода натавонистед, агар талабаи аълохони синфамон Ғиёсиддин Мироҷов савол диҳад, намедонам ба ӯ чӣ ҷавоб мегӯед? Бинобарин бемалол ба як хулоса биёед: Муаллими нави физика китобу дафтар ва журнашро гирифта аз синф берун шуд...

Аз пагоҳ боз мисли пештара муаллими дӯстдоштаи онҳо Қурбон Шарифов аз фанҳои физикаю математика ба мо дарс додан гирифт.

Дар мактаб Ғиёсиддин Мироҷов ҳамаи фанҳоро бо баҳои хубу аъло медонист, лекин дар ҳалли масъалаҳои математика ҳамто надошт. Аз ин рӯ муаллим ҳини дарсдиҳӣ ба талабагон

пешина
аз 173
навбатӣ