Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
мебошад, ки ӯ маро соҳиби номи пуршарафи падар гардонид. Ситора ҳам бо пайроҳаи падару модараш қадам ниҳод, духтур шуд. Вай номзади илмҳои тиб оид ба касалиҳои занона мебошад. Модараш Бӯстон Эшонқулова, доктори фанҳои тиб, профессор - дорушинос (фармаколог) буда, бародараш Абдулло ҳам духтур аст - духтури дандон. Ҳини навиштани ин сатрҳо хостам, ки тавассути телефон бо саволе бо Ғиёсиддин Қутбиддинович муроҷиат намоям, вале ӯ бо хурсандию ҳаяҷон сухани маро бурида: - Ако, ман боз наберадор шудам, набераи сеюм, писар!!!
-Эҳ, эҳ боз як вориси Сино ба дунё омад, гӯед, муборак шавад, паи қадамаш хуҷастаю умраш дароз бод!
Дар ҷавоби саволи дуюмам Ғиёсиддин Қутбиддинович дуру дароз сукут кард, баъд оҳи сӯзоне кашиду гуфт: - Фавти модарам барои ман ниҳоят вазнин буд. Он лаҳзаи вазнинтарин буд дар ҳаёти ман!
Боре як журналист дар барномаи телевизионӣ бо як ҳунарманде сӯҳбат карда дар фарҷом аз ӯ пурсид:
-Шумо дар хонаатон кадом таоми миллиро бештар нағз мебинед?
Ҳунарманд гуфт:
-Тамоми хӯрокиҳое, ки модарам ба онҳо намак меандозад, бароям ширину болаззатанд.
Биёед, ягон лаҳзаеро ба хотир биёрем, ки табъи хонандаро каме хуш гардонем, хоҳиш кардам аз Ғиёсиддин Қутбиддинович.
-Барои чунин лаҳзаҳоро пеши назар овардан бояд боз рӯ ба қафо - ба айёми ҷавонӣ гардонем.
Дар интернат дар синфи 10-ум мехондем. Як шаб баъди дарсҳо яке аз ҳамсабақҳоямон гуфт, ки дилам харбуза мехоҳад.
-Ҳеҷ боке нест, аз харбузазори қишлоқи Бедак харбуза дуздида меорем. Ба фикрам чандон мушкилие надорад. Ин таклифи ҳамсабақамонро чор-панҷ нафар пазируфтем. Соат аз 2-и шаб гузашта буд. Роҳи байни интернату Бедак ҳам роҳи кам набуд. Лекин барои дар айёми ҷавонӣ ин масофа гӯё ҳеҷ тофт. Ҳамроҳамон Кенҷа ном як ҷавони аз дигар ноҳия мехонд. Чашми чапаш тамоман оҷиз ва чашми росташ гул дошт. Ӯ «ман ҳам меравам», - гуфта аз ҷой хест. Бачаҳо ба ӯ шӯхӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё